ҚАДРИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Даврони соҳибистиқлолӣ баҳри занони Тоҷикистон имкони васеъро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт мусоид гардонидааст. Таи 29-соли мавҷуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр тадбирҳо дар масоили бо кор таъмин кардани духтарону бонувон андешидаанд. Барномаву лоиҳаҳо дар рушди соҳибкорӣ, самти таълим барои фаъолият шароитҳоро фароҳам овардааст. Имрӯз дар тамоми соҳаҳо мо ширкати фаъолони занонро мебинем. Дар саросари ҷумҳурӣ садҳо коргоҳҳои хурду миёна, марказҳои тиҷоратӣ бо дастгирии давлат кушода шудааст, ки роҳбариашро бонувони тоҷик ба ӯҳда доранд.
Чи тавре, ки Сардори давлат дар яке аз баромадашон қайд карданд «Занони тоҷик бо маърифати баланд ва дониши муосир метавонанд дар таҳияи қонунҳо дар сатҳи парлумони касбии мамлакат нақши назаррас гузоранд.»
Боиси сарфарозист, ки Сарвари кишвар ба қувваю матонати мо бонувон эътимоди қавӣ доранд ва қадру манзалати моёнро дар ҷомеа баланд мебардоранд. Ин ҳисси ифтихори моро афзун месозад. Ҳаминро иловатан гуфтаниам, ки дар мақомоти судӣ алҳол даҳҳо бонувон дар таҳкими адолати судӣ ҳиссагузорӣ менамоянд, ки ин ҳам шаҳодати ғамхориҳои Пешвои миллат мебошад.

Солеҳзода Зарина Тағойназар,
Муовини якуми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ