АЗ ҚАСРИ АРБОБ ТО ҚАСРИ МИЛЛАТ

Ба истиқболи 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

 

АЗ ҚАСРИ АРБОБ ТО ҚАСРИ МИЛЛАТ

 

«Мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».

Эмомалӣ РАҲМОН

 

Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар куҳандиёрамон воқеае ба амал омад, ки дар тақдири халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул гардид. Баъд аз ҳазор соли барҳамхӯрии Давлати Сомониён боз дар харитаи олам давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва аз оғози марҳалаи наву тозае дар ҳаёти миллатамон башорат дод.

Мутаассифона бо дахолати неруҳои аҳримании дохилӣ ва берунӣ тоҷикон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуданд. Ҳукумати фалаҷгардидаи Муросои миллӣ пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзро гирифта натавонист. Оташи ҷанг минтақаҳои мухталифи кишварро фаро гирифта, ҳазорҳо ҳамватанонамон тарки манзилу маъвои аҷдодӣ намуда, рӯ ба ғурбат ниҳода фирорӣ гардиданд.

Ниҳоят халқи шарифи тоҷик ҷанги таҳмилии ба сараш омадаро амиқ дарк карда, таҳти сарварии хирадмандонаи фарзанди далеру шуҷоъи Ватан, ҷавони ҳамагӣ 40-сола Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт номбурда вазифаи пурмасъулияти Раиси Шӯрои Олиро ба зимма дошт, барои фурӯ нишондани оташи ҷанги хонумонсӯз ва фалокатбор ҷонбозиҳои зиёд ба харҷ дод, ки оқибат комёбу пирӯз гардид.

Баъд аз баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 1992 дар толори бошукуҳи Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд қувваҳои солимфикри кишвар тамоми неруи худро баҳри ҳалли осоиштаи масоили байни тоҷикон равона карданд. Дар иҷлосияи мазкур Эмомалӣ Раҳмон бо аксарияти овозҳо якдилона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Мавсуф зимни нахустсуханронии худ аз минбари толори Қасри Арбоб он замон иброз дошта буд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Сарвари давлати тозаинтихоб дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми Тоҷикистон дилпурона гуфта буд: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷикон ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, баҳри гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад ҷони худро нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.»-иброз дошта буданд, Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ. Ин ҳама суханони умедбахш гувоҳест аз оғози корнамоиҳои бемисл ва талошу ҷонбозиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, абармарди арсаи сиёсат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу ваҳдат ва берун овардани Тоҷикистони ҷангзада аз вартаи фалокат буд.

Тавре, ки Ҷаноби Олӣ гуфтаанд: «Агар Эъломия ба таври расмӣ истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард. Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳаммияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад.»

Раванди сулҳи тоҷикон бебозгашт ва роҳи пурпечутоби тӯлониро фаро гирифта, оқибат ба талошу ҷонбозиҳои муаллифи он, меъмори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сулҳи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ хотима ёфт.

Аз он рӯзи таърихӣ то ин муддат расо 24 сол сипарӣ гардид. Нахустин маротиба таҷлили ин рӯз дар саҳни Майдони 800-солагии Маскави шаҳри Душанбе ҷамъомади мутантан доир гардида буд. Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ аз ин пайки нусратбор ба ваҷд омада, дар ситоиши ин амали муборак ва корнамоии беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ашъори тозаэҷодашро бо чунин мисраъҳои саршор аз ҳиссиёти қалб иншо намуда буд:

 

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ ба диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

 

Хидматҳои сарвари давлат дар эҷоди роҳи сулҳу ваҳдат ва ба- ҳамоии миллат ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирҳо зудуда нахоҳад гардид. Президенти сулҳпарвари мо-Эмомалӣ Раҳмон аз чандин музокироти бебарор хаста шуда, бо гузашти зиёд ва олиҳимматии суботкорона роҳу усулҳои ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллиро идома медод.

Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим гуфтааст:

Чун марди ваҳдатовар ҳастӣ саодатовар,

Ҳар рӯзи неки умрат рӯзи саиди халқ аст.

Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат!

Бигзор ҳамеша чароғи сулҳу ваҳдат дар кишвари соҳибистиқлолу соҳибиқболи мо ҳамеша фурӯзон бошад!

Арҷмандӣ халқро аз ваҳдат аст,

Ваҳдати ин хонадон ояд ҳаме.

 

Ниёззода Сурайё Ҷума
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ