ДУЗДӢ — ҶИНОЯТИ НАНГИН

         Дуздӣ яке аз амалҳои ҷиноятиест, ки аз ҷониби нафарони алоҳида бо мақсади тасарруфи молу мулки муфт содир карда мешавад. Нафароне ба ин ҷиноят даст мезананд, ки аз тарбия дур мондаанд ва арзишҳои ҳаёту зиндагии солим барояшон бегона мебошад.

         Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо даст задан ба амали нанговари дуздӣ аз ҷониби ҷавонон бештар ба назар мерасад. Ҷавонони аз таълиму тарбия дур ва нафароне, ки даст ба дуздӣ мезананд, аз оқибати ногувори он андеша намекунанд.

         Барои намуна метавон парвандаи ҷиноятии шаҳрванд Холиқулов Одилжон Саидмуродовичро аз рӯйи амали нангини дуздӣ мисол овард, ки рӯзи 14 апрел дар маҷлиси кушодаи судӣ дар толори Суди ноҳияи Рӯдакӣ ҳукми он бароварда шуд.

         Дар рафти тафтишот муайян гардидааст, ки Холиқулов Одилжон Саидмуродович рӯзи 1-уми июли соли 2020, тахминан соати 02:00 тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Тошбеков Асадулло Ҳусенҷонович, бо мақсади содир кардани ҷинояти дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳоии молу мулки ғайр, ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Холмуродов Эркинҷон Тошпулотович, воқеъ дар деҳаи Саховати Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ гардида, аз манзили истиқоматии мазкур 1800 доллари ИМА (бо асъори миллӣ — 18540 сомонӣ), 3000 сомонӣ ва 9 адад ангуштарин ва ду гарданбанди тиллоӣ, ки арзишашон 17000 сомониро ташкил медод, пинҳонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Тафтишот маълум намуд, ки зарари умумии ба ҷабрдида Холмуродов Эркинҷон расида маблағи 38540 сомониро ташкил медиҳад.

         Дар мурофиаи судӣ нишондоди ҷабрдида ва шоҳид шунида шуда, судшаванда Холиқулов Одилжон Саидмуродович худашро пурра гунаҳгор ҳисобид.

         Ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуд, ки зарари ба ҷабрдида расонидашуда барқарор карда нашудааст. Аз ин рӯ, суд лозим донист, ки маблағи зарарро аз ҳисоби судшаванда Холиқулов Одилжон Саидмуродович ва маҳкумшуда Тошбеков Асадулло Ҳусенҷонович муштаракан рӯёнад. Бо дастрасии моддаҳои дахлдори Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд ҳукм кард, ки ба шаҳрванд Холиқулов Одилжон Саидмуродович ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр, таъин карда шавад.

         Агарчи судшудагон аз амали худ пушаймон низ бошанд, вале барои иҷрои ин кори нангин дар назди қонун ва виҷдони худ посух гуфта истодаанд. Бовари дорем, ки ин амали нангин ва оқибати шармбори он барои дигарон дарс мешавад ва сатҳи ҷинояти дуздӣ дар миёни аҳолӣ кам мегардад. Бояд ҳар як нафар донад, ки ҳеҷ як ҷиноят бе ҷазо намемонад ва оқибати ҳар як ҷиноят, ин пушаймонӣ ва доғи умр аст.

Диловар Сафарзода

Муовини Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ