НАҚШИ МУАССИРИ ОИЛА ДАР ҶОМЕА

Яке аз сабабҳои асосии ин масъала, дар сатҳи матлуб иҷро накардани вазифаҳои падару модарон ва аз таълиму тарбияи дурусту шоиста дур мондани фарзандон мебошад. Агар падару модар ва фарзанд талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро пурра иҷро мекарданд, он гоҳ чунин вазъияти номатлуб зуҳур намекард. Вазифаҳои падару модар, фарзандон, васиён, омӯзгору мураббиён, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои махсусгардондашуда ва дигар ниҳодҳои марбута дар қонунҳои мазкур мушаххасан нишон дода шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 15, боби 5 оид ба ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд, чунин омадааст: 1. Дар ҳолати иҷро накардан ва ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 2. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии баробар доранд. 3. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунанд, барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, ҷавобгар мебошанд. Оила ин як институти иҷтимоӣ, ниҳоди таркибии ҷомеа маънидод шуда, дар муҳити он кӯдак нашъунамо меёбад. Оила дорои сифатҳои зерин аст: 1. Аҳди байни мард ва зан. 2. Бо майлу рағбати худ барои ташкили зиндагии мустақилона камари ҳиммат бастан. 3. Бо майли худ ба зимма гирифтани масъулияти таваллуд, таъмин ва таълиму тарбияи фарзанд. Шарҳи оила дар боби 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли зайл омадааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад». Оила ниҳоди муқаддаси иҷтимоӣ буда, аз пайдоиши инсоният идомадиҳанда ва рушддиҳандаи ҷомеа мебошад. Зербинои сохтори миллӣ ва давлатӣ дар ҳамин муассисаи хурд устувор мегардад. Одоб, ахлоқ, фарҳангу диндорӣ ва тарбияи иҷтимоӣ аз ҳамин ҷо шурӯъ мешавад. Инсон иззату эҳтиром ва муносибатро нисбат ба калонсолон, меҳру шафқат нисбат ба кӯдакон, рафтори самимона нисбат ба дӯстон, эҳтиром нисбат ба падару модар ва дигаронро дар муҳити оила меомӯзад. Аммо, онҳое, ки дар оила аз ҳама гуна фазилатҳои хуби инсонӣ маҳрум мемонанд ва «ноқис» тарбия меёбанд, боиси сар задани нохушиҳо дар оила ва ҷамъият мегарданд. Аз ин рӯ, барои тарбияи фарзанд, пеш аз ҳама, мавҷудияти оилаи солим ва устувору муназзам зарур аст. Ҳар қадар, ки оила солим бошад, насли оянда низ ҳамон қадар шоиста ба воя мерасад ва ба хушнудии падару модар саҳмгузор ва ба пешрафти миллату давлат мусоидат менамояд.

 

Шоҳусайнзода Хуршед Ёрмаҳмад
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ