ҚОНУН БУРДИ ҶОМЕАИ МОСТ

ҚОНУН БУРДИ ҶОМЕАИ МОСТ

 

Ҳадаф аз  қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аввалан  беҳтарсозии сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон, дуюм хотима бахшидан ба хурофоту тақлидкориҳову худнамоиши бархе аз аҳли ҷомеа буд, ки онҳо анъанаву расми хуби аҷдодонро ба дабдабаҳои нозарур табдил додаанд.

Инак бештар аз даҳсола аст, ки қонуни мазкур амал дорад ва тӯли ин муддат он васеъ амал дорад, яъне тамоми қишрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро дастгирӣ карда, тибқи он амал месозанд.

Бо туфайли ҳамин аст, ки имрӯз дар зиндагии мардум, буҷаи оилаҳо сабуку мақсаднок истифода мешавад. Аммо бо вуҷуди ин гоҳ-гоҳ сарфи назарсозии аксари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба назар мерасад. Масалан таҷлили зодрӯзиву баъзе чорабиниҳои оилавӣ аз доираи қонун баромада, худнамоишдиҳиву сарфи барзиёд ба чашм бармехӯрад, ки ин ҳол баъзан дар шабакаи интернетӣ ба мушоҳида мерасад.  Аммо ин гуна ҳолат аз назари қонун берун намемонад ва ашхоси аз доираи қонун баромада ҳатман аз ҷониби масъулон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар ниҳоят зикр кардан ҷоиз аст, ки аз ҷониби Президенти муҳтарам, Пешвои маҳбуби миллат Эмомалӣ Раҳмон оиди қабули чунин як қонуни ба ҷомеаи шаҳрвандӣ манфиатбахш бамаврид буд  ва ин ба андешаи ман бурди ҳар шаҳрванд маҳсуб меёбад.

 

                                        СОЛЕҲЗОДА З.Т.

Муовини якуми Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ