ПАЁМ ДАСТУРИ РАҲНАМУНСОЗ

ПАЁМ ДАСТУРИ РАҲНАМУНСОЗ

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ таъкид доштанд, ки “рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”.

Сарвари давлат нақши Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар барқарорсозии сулҳу субот, марҳила ба марҳила ба эътидол овардани зиндагии мардум, ба Ватан баргардонидани беш азяк миллион гурезагон, тасдиқи яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо – Парчами миллӣ нек арзёбӣ намуданд.

Ҳар банду басти Паёми  Пешвои миллат даъватест  ба худшиносиву худогоҳӣ, бинобар ин кулли мардуми бозаковати кишвар дар радифи ҳамин маънӣ баҳри амалӣ гардонидани ҳар як нуқтаҳои созандаи Паём кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва саҳми арзандаи хешро нисбати ҳаллу фасли муаммоҳои мавҷудаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, боз ҳам ободу зебо намудани ватани аҷдодӣ, устувор гардонидани пояҳои давлатдорӣ ва куллан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолию қатъиян риоя гардидани адолати иҷтимоӣ, мегузоранд.

 

ҶАЛИЛЗОДА С.Х.

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ