ПАЁМ РОҲАНДОЗӢ МЕГАРДАД

         Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамбаҳои асосиву муҳимтарини иқтисодиёт, сиёсат ва иҷтимоиёти кишвар баррасӣ гашта, он баҳри пешрафту баландшавии сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

        Боиси қаноатмандист, ки сарфи назар аз таҳаввулоти иқтисодии ҷаҳонӣ иқтисоди миллии мо дар натиҷаи татбиқи саривақтиву босамари ислоҳоти иқтисодӣ ва амалигардонии барномаву стратегияи мавҷуда ба ҳисоби миёна рушди иқтисодиёти мамлакат давоми солҳои охир дар сатҳи 7,3 оиз таъмин гардидааст. Ин албатта нишондиҳандаи назаррас мебошад.

        Баробари таҳилили дастовардҳои зерин сарвари давлат баҳри боз ҳам ривоҷи иқтидори кишвар вазифаву дастурамалҳоро роҳандозӣ намуданд, ки он дар ҳаллу иҷроиши минбаъда ба ҳар як хизматчии давлатӣ чун барномаи мукаммал маҳсуб хоҳад ёфт.

        Таҳкимбахшии фаъолияти мақомоти судӣ мавриди назари ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз ин ҷост, ки баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо омодагии касбии судяҳо Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро вазифагузорӣ карданд.

        Мо судяҳо дар навбати аввал бояд кӯшиш бинмоем, ки тахассусан пайваста такмил ёбем, дар рушди муносибати ҷамъиятӣ саҳм гузорем. Чунин иқдом имкон медиҳад, ки дастурҳои паём амалан таъмин ёбад.

 

      ҶАЛИЛЗОДА САЙКАБИР ХАЛИЛ

      Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ