ПАЁМ РОҲНАМО БА АҲЛИ ҶОМЕА

ПАЁМ РОҲНАМО БА АҲЛИ ҶОМЕА

Аз назари мазмун ва муҳтаво Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ба шаш бахши асосӣ тақсим намуд, ки ҳар яке барои рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд:  якум таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, дуюм таҳлили вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, сеюм масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, чорум дастовардҳо ва дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, панҷум масъалаҳои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир ва шашум воридшавии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ва вазифаҳо барои  оянда.

Аз ҷумла, дар Паёми санаи 26 январи соли равон Сарвари давлат вобаста  барои тинҷию оромии кишвар пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мисолҳои возеҳ суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки  амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Махсусан содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.  Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Хулоса, Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад.

 

                                          НАҶМИДИНЗОДА С.С.

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ