ПАРЧАМ — МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукӯҳи ифтихор ва нангу номус арзёбӣ мегардид. Дар ҷаҳони муосир доштани парчам нишонаи истиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва иттиҳоду ваҳдати халқ мебошад. Парчами миллиро метавон ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми кӯҳанбунёду тамаддунофари тоҷик унвон кард.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон буда, баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад. Бояд тазаккур дод, ки Парчами миллӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Инак, соли чордаҳум аст, ки дар саросари кишвар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз санаҳои барои давлату миллат бениҳоят арзишманд, ботантана таҷлил мегардад. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири ояндаи давлати  миллӣ тарҳрезӣ гардида, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахуст гузошта шуд. Барои андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмин намудани сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва Нишони давлатӣ қабул карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009, 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки он аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, он дар давоми як сол ба анҷом расонида шуд. Ҳамин тариқ, 30-юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, бо дарозии 60 метр ва паҳноии 30 метр, ки дар ҷаҳон баландтарин ба ҳисоб меравад, парафшон гардид.

Бояд тазаккур дод, ки аз рӯзи соҳиби Парчами давлатӣ гардидандамон то ба имрӯз дар кишвар дигаргуниҳои зиёди бунёдӣ ба амал омада, барои пешрафти иқтисодиёт, илму маориф, маънавиёт ва дигар соҳаҳо шароити мусоид фароҳам гардид.

Бояд гуфт, ки Парчами давлатии мо имрӯз дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ, дар қатори парчами дигар кишварҳо парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландии ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад. Акнун, моро мебояд аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ ва сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Бигзор, парчами пурҷило ва нурафшони истиқлол дар дилу дидаи ҳар як сокини диёрамон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои беғубори кишварамон ҳамчун Парчами озодиву саодати миллат парафшон бошад.

 

Файзулло МИРЗОЗОДА

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ