САНАДИ СУДӢ

 

 ҲУКМ

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       

02 феврали соли 2023                                                                                                                                                       шаҳраки Сомониён

Суди ноҳияи Рудакӣ

Дар ҳайати раисикунанда Асрорӣ И.Қ.

Бо котибии Азиззода Қ.Ш.

Бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Муҳаббатзода Ф.

Ҳимоятгар Мирзомуродов Р.

Тарҷумон Маҳмудзода У.

 

Дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исмоилова Бибинос Пардаевна, 22 августи соли 1969 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, миллаташ ӯзбек, таҳсилоташ миёнаи нопурра, муваққатан бекор, оиладор соҳиби 4 нафар фарзанд, пеш суд нашудааст, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Сафедчашма хонаи 105 бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дида баромада, далелҳои дар қабати маводҳои парвандаи ҷиноятӣ мавҷударо мавриди таҳлил қарор дода, нишондоди судшаванда, ҷабрдида ва шоҳидонро шунида, нутқи айбдоркунандаи давлатӣ, баромади ҷабрдида, ҳимоятгар ва сухани охирини судшавандаро гӯш карда,

МУАЙЯН КАРД:

      Судшаванда Исмоилова Бибинос Пардаевна ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ машғул нашуда, даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст.

Чунончӣ, ӯ 15 декабри соли 2018 писараш Тураев Отабек Ашуровичро бо Абдуназарова Гулнисо Қурбаналиевна оиладор карда, бо ў дар манзили истиқоматиашон дар  ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Сафедчашма зиндагонӣ мекардааст.  Исмоилова Б.П. аз аввалҳои моҳи марти соли 2022 сар карда бо келинаш Абдуназарова Г.Қ., ки аз ҷиҳати моддӣ тобеи ӯ будааст  муомилаи бераҳмона карда,  мунтазам  шаъну шарафи  ӯро паст зада, бо баҳонаҳои гуногун доимо муноқиша карда, ӯро лату кӯб мекардааст.

Исмоилова Б.П. муомилаи бераҳмонаи худро нисбати Абдуназарова Г.Қ. идома дода, рӯзи 18 майи соли 2022 соати 15:20 дақиқа бо ў бо баҳонаи гум шудани 10 сомонӣ маблағи пулӣ ҷанҷол карда, дар кӯча дар назди ҳамсоягон бо овози баланд  келинашро дузд гуфта, эътибори ӯро дар назди сокинони деҳа паст задааст, ки  дар натиҷа Абдуназарова Г.Қ. ба азобу уқубат ва муомилаи бераҳмонаи Исмоилова Б.П. тоқат накарда, 18 майи соли 2022 тахминан соати 17:00 дақиқа дар дохили ошхонаи манзили истиқоматии судшаванда воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Сафедчашма бо рӯймол худро ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст.

Судшаванда Исмоилова Б.П. дар рафти мурофиаи судӣ худашро дар содир намудани ҷиноят бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор нашуморида, қайд кард, ки дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Сафедчашма зиндагонӣ мекардааст. Ӯ оиладор ва соҳиби 4 фарзанд – се духтар ва як писар будааст. Моҳи декабри соли 2018 писараш Отабекро бо марҳум Абдуназарова Г.Қ. оиладор карда, муддати чор сол будааст, ки зиндагонии якҷоя доштаанд ва онҳо аз зиндагонии якҷоя соҳиби як фарзанд гардидаанд. Писараш Отабек дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федаратсияи Россия қарор дошта, шавҳараш бошад чӯпон буда, ҳар мавсим дар саҳро будааст. Марҳум Гулнисо бо ӯ ва аҳли хонавода муносибати хуб дошта, дар оилаи онҳо ҷангу ҷанҷол ҷой надоштааст. Аз сабаби он ки бисёр вақт шавҳару писараш дар хона набудаанд, келинаш Абдуназарова Г. дар таъминоти ӯ қарор доштааст ва тамоми хурду хӯроки келинро ӯ таъмин мекардааст.

Рӯзи ҳодиса, яъне 18 майи соли 2022 ӯ бо ҳамроҳии келинаш Абдуназарова Г. хӯроки нисфирӯзӣ хурдааст ва пас аз он дар хусуси гум шудани 10 сомонӣ маблағи пулӣ байни онҳо нофаҳмӣ рух дода, ҷанҷол сар задааст. Келинаш Гулнисо гиря карда, ба ӯ гуфтааст, ки кӯдакашро гирифта ба хонаи бобову бибияш меравад. Тахминан соати 15:20 дақиқа ҳангоми бурдани гову гусфандҳо ба чарогоҳ келинаш аз пасаш баромада, мақсадӣ ба хонаашон рафтанро доштааст. Дар он ҳолат дар кӯча ҳамсояашон Ашургул ҳам дар берун қарор доштааст ва ӯ ба Ашургул гуфтааст, ки аз хонааш пул гум шудааст ва келинаш барои ҳамин гиря дорад. Ҳамин тариқ ӯ бо ҳамроҳии ҷиянаш Сановбар ба чарогоҳ равон шудаанд ва тахминан соати 17:00 дақиқа ҷияни калониаш Наргиза ба назди онҳо ба чарогоҳ омада хабар додааст, ки янгааш худашро ба дор овехта, ҳалок гаштааст. Ин ҳолатро шунида ӯ дарҳол тарафи хонааш ҳаракат кардааст ва ба рақамҳои телефони мобилии ҳамсояашон Ашургул занг зада, хоҳиш кардааст, ки аз аҳволи келинаш бохабар шавад. Тахминан 30 дақиқа пас боз маротибаи дуюм занг задааст ва духтари ҳамсоя Мавзуна тасдиқ кардааст, ки келинаш Гулнисо худашро ба дор овехтааст. Ӯ ба хона баргашта бо чашмони худ дидааст, ки дар ошхонаи манзили истиқоматӣ келинаш бо рӯймол худро ба дор овехта, ҳалок гаштааст. Илова кард, ки байни ӯ ва келинаш гоҳ-гоҳ бинобар сабаби дер хестани келинаш аз хоб нофаҳмиҳо мешудааст, аммо ӯ келинашро ба худкушӣ нарасонидааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати ӯ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде судшаванда худашро гунаҳгор нашуморад ҳам, гуноҳи охирин бо далелҳои зерин исботи худро ёфтааст.

Ҷабрдида Абдуназаров Тоҷидин Фармонович дар рафти мурофиаи судӣ нишондод дод, ки марҳум Абдуназарова Гулнисо духтари апааш Абдуназарова Занҷирой будааст. Падару модари Абдуназарова Г. пеш аз таваллуди Гулнисо аз ҳам ҷудо шудаанд ва марҳум Абдуназарова Г. аз овони хурдсолӣ дар тарбияи бобо ва бибии модариаш ба камол расидааст, чунки модараш фавтида, ҷойи буду боши падараш номаълум будааст.

Соли 2019 Гулнисоро ба Отабек – писари  судшаванда ба шавҳар додаанд ва аз ҳамон лаҳза ҷиянаш дар манзили истиқоматии судшаванда воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Сафедчашма зиндагонӣ кардааст. Аз сабаби он ки шавҳари Абдуназарова Г. дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштааст, ҷиянаш дар хона бо хусуру хушдоманаш зиндагонӣ мекардааст. Моҳи марти соли 2022 марҳум ҷиянаш ба ӯ занг зада гуфтааст, ки дигар дар манзили истиқоматии судшаванда зиндагонӣ кардан намехоҳад, чунки хусуру хушдоманаш ӯро сағераи бесоҳиб гуфта, шаъну шарафашро паст мезадаанд. Инчунин, давоми моҳи апрели соли 2022 Гулнисо ҳамроҳи хусураш ба хонаашон омада будааст ва ҳамон шаб Гулнисо ба ҳамсари ӯ Абдуназарова Холдурой гуфта будааст, ки хушдоманаш чанд муддат будааст ӯро лату кӯб мекардааст ва аз аҳволи бадаш шикоят кардааст. Рӯзи ҳодиса пеш аз нисфирӯзи судшаванда Исмоилова Б. ба апааш занг зада аз Гулнисо норозигӣ кардааст ва бо гузашти 2-3 соати дигар боз занг зада хабар додаанд, ки Гулнисо худашро ба дор овехта, ҳалок гаштааст. Сабаби ба худкушӣ даст задани ҷиянаш маҳз муомилаи бераҳмона ва пастзании мунтазами шаъну эътибори шахсии марҳум аз ҷониби судшаванда будааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки ба судшаванда дар доираи қонун ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шавад.

Дар маҷлиси судӣ шоҳидон Умарова Б.Ф., Абдуназарова Ойбаҳор Фармоновна, Абдуназарова Х.Ф. ва Абдуназарова Олтуной Фармоновна ба монанди ҷадрдида Абдуназаров Т. нишондод дода, тасдиқ намуданд, ки марҳум Абдуназарова Г. аз моҳи марти соли 2022 сар карда аз азобу уқубат ва паст задани шаъну шарафаш аз ҷониби хушдоманаш шикоят мекардааст ва маҳз ҳамин ҳаракатҳои судшаванда боиси ба худкушӣ даст задани Абдуназарова Г. гаштаанд.

Шоҳид Нурова Ашургул Абдусаидовна дар маҷлиси судӣ қайд кард, ки аз соли 1989 инҷониб дар суроғаи Ҷамоати деҳоти Эсанбой деҳаи Сафедчашма истиқомат дошта, судшаванда Исмоилова Б. ҳамсояаш будааст. Аз сабаби он ки ҳамсари Исмоилова Б. чӯпон будааст, ӯ доим дар саҳро буда, писараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштааст. Судшаванда одатан дар манзили истиқоматиаш бо ҳамроҳии марҳум келинаш Абдуназарова Г. ва ду ҷияни хурдсолаш зиндагонӣ мекардааст. Марҳум Абдуназарова Гулнисо табиатан духтари ором буда, муносибаташ бо ҳамсояҳо нағз будааст ва ягонбор ҷангу ҷанҷолашро надида будааст. То моҳи марти соли 2022 ҳамчун ҳамсоя ягон маротиба аз хонаи Исмоилова Б. ҷангу ҷанҷолро нашунида будааст. Лекин бо сабаби ба ӯ номаълум аз моҳи марти соли 2022 то рӯзи ҳодиса байни Исмоилова Б. ва марҳум Абдуназарова Г. ҷангу ҷанҷол бисёр мешудааст ва  ба хонаи ӯ овози ҷангу ҷанҷоли онҳо меомадааст. Баъди ҷангу ҷанҷол овози гиряи Абдуназарова Гулнисо мебаромадааст ва дар гиряаш мегуфтааст, ки бе модарӣ мушкил будааст. Баъди ин ҷанҷолҳо Абдуназарова Гулнисо ба ягон баҳона ба хонаи ӯ меомадааст ва аз сағерагӣ шикоят мекардааст. Ӯ бошад марҳумро насиҳат мекардааст, ки тоқат кунад.

Санаи 18 майи соли 2022 тахминан соати 15:20 дар хона қарор доштааст, ки дар ҳамин вақт овози ҷангу ҷанҷоли ҳамсояаш Исмоилова Б. ва келинаш Абдуназарова Гулнисо баромадааст. Аз сабаби он ки онҳо бо забони ӯзбекӣ сухан мегуфтаанд ӯ маънои ҷанҷоли онҳоро нафаҳмидааст, аммо Гулнисо бо овози баланд гиря мекардааст. Тахминан баъди 10 дақиқа ба берун баромада дидааст, ки  ҳамсояаш Исмоилова Б. говҳояшро ба чарогоҳ бурда истодааст. Исмоилова Б. ӯро дида, бо овози баланд гуфтааст, ки келинаш дузд шудааст ва аз хона маблағи пулӣ дуздидааст. Гулнисо гиря карда, ба тарафи ӯ бо дасташ ишора карда гуфтааст, ки ӯ ягон маблағи пулӣ надуздидааст. Ӯ ба Гулнисо гуфтааст, ки зиқ нашавад ва ӯро насиҳат кардааст, ки ба хонааш дарояд. Ӯ худаш низ дигар аҳамият надода, вориди хона шудааст ва соати 17:00 ӯ хабардор шудааст, ки Абдуназарова Г. худашро ба дор овехтааст.

Зимни пурсиш дар маҷлиси судӣ шоҳид Амирова Рузихол Ташболтаевна баён намуд, ки тахминан 20 сол будааст, ки дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой деҳаи Сафедчашма истиқомат доштааст ва судшаванда Исмоилова Б. ҳамсояаш будааст. Санаи 18 майи соли 2022 тахминан соати 16:00 дар хона қарор доштааст, ки ба телефони мобилиаш ҳамсояаш Исмоилова Бибинос занг зада гуфтааст, ки ба хонааш рафта келинаш Абдуназарова Гулнисоро насиҳат кунад. Ӯ суханони Бибиносро шунида ҳайрон мондааст, ки чӣ гап шуда бошад. Баъд ба хонаи ҳамсоя рафта дидааст, ки келинаш Гулнисо дар дохили хона гирякунон нишаста фарзанди хурдсолашро шир медодааст. Гулнисо ба ӯ гуфтааст, ки хушдоманаш ӯро дар гум шудани маблағҳои пулӣ дузд гуфта, ҷангу ҷанҷол намудааст ва аз аҳволи бадаш шикоят кардааст. Ӯ Гулнисоро насиҳат карда, гуфтааст, ки аҳамият надиҳад. Баъд аз он дар кӯча ҳамсояашон Ашургулро дидааст ва Ашургул ба ӯ гуфтааст, ки рафта Бибиносро фарёд кунад, чунки бо келинаш ҷангу ҷанҷол шудааст, бо ягон ҳодиса нашавад. Ӯ ба саҳро рафта Бибиносро кофтааст, лекин пайдо накардаст. Баъд ба хона омада, бо кори хона машғул шудааст, ки дар ин вақт боз ҳамсояаш Бибинос ба телефони мобилии ӯ занг зада гуфтааст, ки зуд ба хонааш рафта бинад, ки келинаш худашро ба дор накашида бошад. Баъд аз хона баромада ба назди хонаи Исмоилова Б. расидааст, ки аллакай ҳамсояҳо ҷамъ шудаанд ва фаҳмидааст, ки келини ҳамсоя Гулнисо худашро ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст.

Шоҳид Абайдулоев Қудратулло Асатулоевич дар маҷлиси судӣ нишондод дод, ки дар деҳаи Сафедчашма истиқомат мекардааст ва хонааш дар рӯ ба рӯйи манзили истиқоматии судшаванда Исмоилова Б. қарор доштааст.

Ӯ ҳамчун ҳамсоя ҳамагӣ як ҳолати ҷангу ҷанҷоли ин хонаводаро мушоҳида кардааст. Моҳи марти соли 2022 рӯзе пас аз нисфирӯзӣ ба кӯча баромадааст, ки дар ҳамон ҳолат аз манзили истиқоматии ҳамсояаш Тураев А. овози ҷангу ҷанҷол баромадааст. Азбаски дари даромадгоҳи манзили истиқоматии ҳамсояашон Тураев А. кушода будааст мушоҳида кардааст, ки Тураев А. бо ҳамсару келинаш ҷангу ҷанҷол доштааст. Ӯ дидааст, ки  Тураев А. бо пояш як маротиба ҳамсараш Исмоилова Б.-ро зада, як маротибаи дигар ба тарафи келинаш Гулнисо ҳамла кардааст, аммо зарбааш нарасидааст.

Ба ғайр аз ин, гуноҳи судшаванда бо далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз қабили: протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва суратлавҳа (в.п.12-21), бо протоколи азназаргузаронии ҷасад ва суратлавҳа (в.п. 22-26), бо нишондоди шоҳид Нурова М.Қ., ки дар хусуси ҷангу ҷанҷоли мунтазами оилавӣ байни Исмоилова Б. ва Абдуназарова Г. нишондод додааст (в.п. 139-141), бо нишондоди шоҳиди ноболиғ Мамадқулова Н.М., ки дар хусуси задани ҷабрдида аз ҷониби судшаванда баён кардааст (в.п.142-144) ва дигар маълумотҳои воқеие, ки дар маҷлиси судӣ мавриди таҳлилу санҷиш қарор гирифтаанд, тасдиқи бебаҳси худро ёфтааст.

Мувофиқи хулосаи экспертиза таҳти №8 аз 19 майи соли 2022 сабаби марги Абдуназарова Г. асфиксияи механикӣ дар натиҷаи фишурда шудани узвҳои гардан бо роҳи ба ҳалқа овехтан мебошад.

Ваҷҳи судшаванда дар хусуси он ки байни ӯ ва марҳум Абдуназарова Г. ҷангу ҷанҷол набудааст бо нишондодҳои ҷабрдида Абдуназаров Т., шоҳидон Нурова М., Нурова А.А., Амирова Р.Т., Мамадқулова Н.М., Умарова Б.Ф., Абдуназарова Ойбаҳор Фармоновна, Абдуназарова Х.Ф. ва Абдуназарова Олтуной Фармоновна бартараф карда мешаванд. Зеро шахсони болозикршуда ҷой доштани муомилаи бераҳмонаи судшаванда ва пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдидаро тасдиқ намуданд.

Бо асосҳои болоӣ, суд ҳаракатҳои судшаванда Исмоилова Бибинос Пардаевнаро бо қисми 2 моддаи 109 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ расонидани шахс, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар тобеи гунаҳгор мебошад, банду баст менамояд.

Суд ҳангоми таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда Исмоилова Бибинос Пардаевна талаботҳои моддаҳои 4, 46, 60 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24 декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ”-ро ба восита ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии ҷинояти содиршуда, ки ҷинояти мазкур ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ равона гашта, ба категорияҳои ҷиноятҳои дараҷаи вазнин мансуб мебошад, тарзи содиршавии ҷиноят ин муомилаи бераҳмона ва пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида мебошад, шахсияти судшаванда, ки пеш суд нашудааст, аз ҷойи истиқомат мусбӣ арзёбӣ шудааст, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро ба инобат гирифт.

Ҷинояте, ки аз ҷониби судшаванда Исмоилова Бибинос Пардаевна содир карда шудааст, тибқи талаботи қисми 4 моддаи 18 ба категорияҳои ҷиноятҳои вазнин мансуб мебошад.

Мувофиқи моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда дар кирдори судшаванда Исмоилова Бибинос Пардаевна ин пеш аз ҳама бори аввал содир намудани ҷиноят, зану фарзанддор буданро ба инобат мегирад.

Мувофиқи моддаи 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳолати вазнинкунанда дар кирдори судшаванда Исмоилова Бибинос Пардаевна дарёфт накард.

Санксияи моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.

Ҳолатҳои дар боло ҷойдоштаро ба инобат гирифта, ҳангоми ба охирин таъин намудани ҷазо, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки талаботи моддаи 60 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, инчунин шароити зиндагӣ ва тарбияи ӯ, дараҷаи инкишофи руҳӣ, вазъи саломатии охиринро ба назари эътибор гирифта, суд ба хулоса омад, ки нисбат ба охирин ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намояд.

Ба шахси ҷиноят содирнамуда бояд ҷазое таъин гардад ё чунин чораи дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ раво дида шавад, ки барои ислоҳи ў ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав зарур ва кофӣ бошад.

Адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда ва пешгирии ҷиноятҳои нав бо таъини ҳамин намуди ҷазо ва иҷрои босифати онҳо таъмин мегардад ва маҳз чунин ҷазоро суд басанда ва одилона меҳисобад.

Ҳамзамон суд масъалаи чораи пешгирӣ нисбати судшавандаро мавриди муҳокима қарор дода, лозим донист, ки бо дарназарадошти таъин намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат бекор карда шуда, Исмоилова Б. дар толори маҷлисгоҳи судӣ ба ҳабс гирифта шавад.

Дар асоси моддаҳои 332-335, 338-339, 341-344, 347-348, 351 ва 359-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд-

ҲУКМ КАРД:

        Исмоилова Бибинос Пардаевна бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон умумӣ таъин карда шавад.

Чораи пешгирӣ нисбати Исмоилова Б.П. дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат бекор карда шуда, ӯ дар толори маҷлисгоҳи судӣ ба ҳабс гирифта шавад.

Муҳлати адои ҷазои Исмоилова Б.П. аз 02 феврали соли 2023 ба ҳисоб гирифта шавад.

Нисбати ҳукм тарафҳо ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин суд дар давоми даҳ шабонарӯз метавонанд шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ пешниҳод кунанд.

      Раисикунанда,

      Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ:                                                                                                                                Асрорӣ И.Қ.