ТЕРРОРИЗМ — ВАБОИ АСР

 

                       ЗУҲУРОТИ ХАТАРБОРИ

                          ЗАМОНИ МУОСИР

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид менамояд.

Новобаста аз тадбирҳои амалигардида дар самти мубориза бо ин зуҳурот таҳдиди амалҳои нави террористӣ дар ҷаҳон боқӣ мондааст. Фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори он дар гӯшаву канораҳои гуногуни олам ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасанд. Ҳамагон шоҳиди ҳолем, ки ҳар сол дар саросари ҷаҳон дар натиҷаи амалҳои даҳшатбори террористию экстеримистӣ даҳҳо ҳазор нафар инсонҳои бегуноҳ ҷони хешро аз даст медиҳанд, ҳазорон кӯдак ятим ва ҳазорон хонавода бесаробон мемонанд ва садҳо шаҳру деҳот вайрону валангор мешаванд. Оқибату зарари мудҳише, ки ҳамасола аз амали ин гурӯҳҳо ба миён меояд, бисёр нанговару ноумедкунанда аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид мекунанд, ки: «Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшу муле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар зуҳуротҳои ифротгароӣ дар сафи пеш қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини сулҳу субот, амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад.

Қабул гардидани Стратегия дар бораи мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатест дар самти муқовимат бо ин хатари замони муосир. Агарчи дар натиҷаи тадбирандешиҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба сафи ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст, вале вазъ ҳанӯз ҳам нигаронкунада ва хатаровар боқӣ мемонад.

Дар ҳоли ҳозир ҷараён ва неруҳои сиёсӣ беш аз пеш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин радиф экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаҳои муҳимест, ки тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифтааст.

Имрӯз экстремизми муосир ҳамчун терроризм шакли худро тағйир дода, метод ва усулҳои гуногунро барои ҷалб кардани наврасону ҷавонон истифода мебаранд. Таблиғгарону ташвиқгарони гурӯҳҳои ифротӣ аз ҷоҳилӣ, нодонӣ ва хурофотпарастии иддае аз гумроҳшудагон истифода намуда, мағзҳои холии онҳоро аз ақидаҳои ифротӣ пур мекунанд. Азбаски тафаккури насли наврасу ҷавонро шакл додан ва ба самти дилхоҳ раҳнамоӣ кардан осон аст, бинобар ин, гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро роҳи асосии ҷалби аъзои навро дар мағзшӯӣ ва дар тафаккури ҷавонон ҷой кардани ақида, ғоя ва идеологияи нопоки худ мебинанд. Таблиғотгарони гурӯҳҳои ифротӣ фаъолияти худро ба воситаи сайтҳои гуногун роҳандозӣ мекунанд. Онҳо бо ин роҳ саҳифаи шахсии нафари ба дом афтидаашонро аввал омӯхта, сипас ба мағзшӯӣ шуруъ мекунанд. Барои расидан ба ҳадафҳои худ аз эътиқоди динии ҷавонон ва гумроҳиву нодонӣ истифода бурда, онҳоро бовар мекунонанд, ки сиёсати давлат бар зидди ақидаҳои динӣ мебошад. Мутаассифона, аксари ҷавонон фирефтаи ана ҳамин гуна суханҳо шуда, даст ба ҷиноят мезананд.

Албатта, на ҳар як давлат дар танҳоӣ метавонад бо ин вабои аср мубориза барад. Барои решакан кардани экстремизму терроризм танҳо бо андешидани тадбирҳои судманд тавассути чораҳои муштарак метавон ба таъмини сулҳу субот ва амнияти сартосарӣ муваффақ шуд.

Имрӯз зарур аст, ки барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб хамаи қишрҳои ҷомеа, нафарони касбу кори гуногун фаъол бошанд, наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоянд. Ва ин ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар нигоҳдори якпорчагии Ватан бошанду Истиқлолу Ваҳдати миллиро ҳифзу эҳтиром кунанд.

Мо, пеш аз ҳама, бояд худ инсони комил бошем, зеро инсони комил ба ҳеҷ далел ва ҳеҷ гоҳ ифротиву терирорист намешавад. Хурофотпарастӣ, таассубгароӣ ва ҷоҳиливу нодонӣ ҷомеаро бар вартаи торикиву зулмат ва нестиву нобудӣ мебарад.

          ҲОТАМ НАЗАР

          Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ