Вохӯрии Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Рӯдакӣ бо сокинон, фаъолони Ҷамоати шаҳраки Сомониён, Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, бинобар эълон гардидани соли “Маърифати ҳуқуқӣ”
Дар вохӯри Муовини якуми Раис Нурулозода Ш.С. оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,-
Судяи суди ноҳия Мирзозода Ф.М. дар мавзуъи хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва психотропӣ, савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб,-
Судяи суди ноҳия Иброҳимзода Б.А. дар мавзуъи содиршавии ҷиноят аз тарафи сокинони Ҷамоат оиди худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин,-
Судяи суди ноҳия Шоҳусайнзода Х.Ё. дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025),-
Судяи суди ноҳия Зиёзода Ҳ.А. сабаб ва омилҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, баромад ва ба ҳозирин пешниҳод гардид, ки оиди дар амал татбиқ гардидани ҳар як банди Паём ва Қонунҳои амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар охир баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 90 ва 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шуруъ гардид, ки ҳар як судя дар алоҳидагӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунандаҳо ҷазоҳои сазвор таъин намуданд.