Вохӯрии Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ бо аҳолии Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ бинобар эълон гардидани соли “Маърифати ҳуқуқӣ”
Дар вохӯри судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Зиёзода Ҳ.А. оид ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,-
Судя Иброҳимзода Б.А. дар мавзуъи хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва психотропӣ, савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб,-
Судя Мирзозода Ф.М. дар мавзуъи содиршавии ҷиноят аз тарафи сокинони Ҷамоат оид худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин,-
Судя Раҳмонзода А.У. сабаб ва омилҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас додаанд.
Дар охир мурофиаи ошкорои сайёри судӣ доир ба риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо парвандаҳои ҳуқуқвайроннкунии маъмурӣ бо моддаҳои 90 ва 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.