55 000 СОМОНӢ. КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР МУБОРИЗА БО COVID-19 САҲМ ГУЗОШТАНД

Имрӯзҳо дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва табобати гирифторони он роҳбарону кормандони як қатор мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд, саҳми худро гузошта истодаанд.

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Суди Олӣ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин, дар пайравӣ ба ташаббуси мазкур судяҳои Суди Олӣ, суди шаҳри Душанбе ва чор ноҳияи пойтахт 25 фоизи маоши якмоҳаи худро, дар маҷмӯъ, ба маблағи 55 000 сомонӣ ҳамчун кумак ба фонди COVID-19 ирсол намуданд.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»