Пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 дар суди ноҳияи Рўдакӣ

Дар суди ноҳияи Рўдакӣ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии Сovid-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷиҳати пешгирии пайдоиш ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ноҳияи Рўдакӣ аз ҳисоби муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти он фаъолона идома дорад.

Корҳо дар самти пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ (аз ҷумла коронавирус) идома дода шуда, ҳар рўз даҳлез, роҳравҳо, утоқҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо маҳлули хлор ва дигар моеъҳои безараргардонӣ тоза карда шуда, инчунин гиёҳи ҳазориспанд дуд карда мешавад.

Барои воридшавии шаҳрвандон низ чораҳои дахлдор андешида шуда, дар даромадгоҳи бинои суд дар фарш маҳлули хлор истифода бурда мешавад. Аз ҷониби шахси масъули Маркази саломатии ноҳияи Рўдакӣ (духтури сироятшинос) дастони шаҳрвандон бо маҳлули спиртӣ безарар гардонида мешавад, инчунин онҳо бо ниқоб таъмин мегарданд.

Аъзоёни ситод назоратро дар самти ба бинои суд ворид шудани шаҳрвандон ва нисбати онҳо истифода шудани маводҳои зиддиэпидемикиро пурзўр намуда, инчунин бе ниқоб ворид гаштани онҳоро манъ менамояд.