Ҷамъбастии амалияи судӣ бо парвандаҳои оилавӣ оид ба тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз пардохти он дар давраи сипаришудаи соли 2024

ҶАМЪБАСТИИ

амалияи судӣ бо парвандаҳои оилавӣ оид ба тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз пардохти он дар давраи сипаришудаи соли 2024

 

Ҷиҳати иҷрои банди 3-и Нақшаи кории суди ноҳияи Рӯдакӣ барои нимсолаи якуми соли 2025 ҷамъбастии амалияи судӣ бо парвандаҳои оилавӣ оид ба тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз пардохти он дар давраи сипаришудаи соли 2024, гузаронида шуд.

Алимент ин, калимаи (лотини alimentum) маънояш ғизо-чора (пулӣ ва ё молӣ) буда, барои таъмини ҳаёти фарзанди ноболиғ аз тарафи падару модар ва ё фарзанди болиғ ба падару модари пиргашта қонун ба пардохт водор мекунад.

Мувофиқи талаботи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсусӣ давлатанд.

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Мақсад аз гузаронидани ҷамъбастии мазкур мавриди таҳлилу санҷиш қарор додани таҷрибаи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз пардохти он аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ ва татбиқи қонунҳои моддӣ, мурофиавӣ бо назардошти тавзеҳоти Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2004 таҳти №12 “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба ситонидани алимент барои таъминоти фарзандон” мебошад.

Дар давраи ҳисоботи соли 2024 ба суди ноҳияи Рӯдакӣ 181-адад аризаҳои даъвогӣ дар бораи тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз пардохти он ворид шуда, аз ин шумора 136-адад қонеъ, 14-адад рад, 1-адад қатъ, 15-адад бебаррасӣ, 1-адади он аз рӯи тобеияти судӣ ва 14-адад парвандаҳо боқӣ мондааст.

Дар муқоиса бо соли 2023, 33-адад парвандаҳо зиёд ба суд ворид гардидааст.

Ҳамаи парвандаҳо дар доираи муҳлати муқаррарнамудаи қонун баррасӣ шуда, 10-адад парванда дар мурофиаи сайёри судӣ баррасӣ гардидааст.

Омӯзиш нишон дод, ки сабабҳои пайдо шудани аризаҳои даъвогӣ дар бораи тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ин, пас аз тағйир ёфтани вазъи моддӣ ё оилавии ҳар кадоме аз онҳо, яъне падару модар пешниҳод мегардад.

Зеро таҳти мафҳуми тағйир ёфтани вазъи моддии тарафҳо бояд ҳам бадтар ва ҳам беҳтар гардидани он, ки дар натиҷаи ба таври ҷиддӣ кам ё зиёд гардидани даромадҳои алиментдиҳанда ё алиментгиранда ба амал омадааст, фаҳмида мешавад.

Мисол: Буриева З.Р. нисбати Наҷмуддинов А.С. бо аризаи даъвогӣ дар бораи тағйир додани андозаи алимент ба суд муроҷиат намуда, бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 18 марти соли 2024 алименти муқаррарнамудаи суд, тағйир дода шуда, зиёд карда шудааст.

Бо ҳамин монанд дигар даъвогарон ба суд бо талабот дар бораи тағйир додани андозаи алимент муроҷиат намудаанд.

Мутобиқи талаботи банди 3 қисми 1 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» даъвогарон аз рӯи даъво дар бораи ситонидани алимент аз боҷи давлатӣ озод мебошанд.

Омӯзиши парвандаҳо нишон дод, ки дар бисёр ҳолатҳо бо парвандаҳои оилавӣ дар бораи тағйир додани андозаи алимент, аз ҷониби даъвогарон боҷи давлатӣ супорида шудааст.

Мисол: Бо парвандаи оилавӣ бо даъвои Арафамои Р. нисбати Абдураҳимов З. дар бораи тағйир додани андозаи алимент боҷи давлатӣ супорида шудааст.

Чунин камбудиҳо дар дигар парвандаҳо низ ҷой дорад.

Ҳолати дигар ин, ки дар суд таҷрибаи ягона дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ҷой надошта, зиёда панҷоҳ фоиз парвандаҳо бе пардохти боҷи давлатӣ баррасӣ гардидаанд.

Таҳлилҳо нишон дод, ки сабабҳои пайдо шудани аризаҳои даъвогӣ дар бораи озод кардан аз додани алимент аз ҷониби алиментиҳанда ин, ба таълиму тарбияи худ ё пас муайян намудани ҷойи зисти кӯдак ба амал меояд.

Мисол: Даъвогар Раҷабов И.И. ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи озод кардан аз пардохти алимент муроҷиат намуда, бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи зисти фарзандаш бо ӯ муқаррар шудааст, ки бо ҳамин асосҳо аз пардохти алимент озод гардидааст.

Мутобиқи талаботи банди 8 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодасозии парвандаҳои маданӣ ба муҳокимаи судӣ”. Ҳангоми омодасозии парванда судя вазифадор аст, бо дар назардошти қисми 2 моддаи 13 ва сархати 2 қисми 1 моддаи 153 КММ ҶТ ба тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчӣ, ки ба парванда ҷалб карда шудаанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои мурофиавиашонро ба таври муфассал фаҳмонад, инчунин  муқаррароти қисми 1 моддаи 71 КММ ҶТ-ро дар бораи он, ки тарафе, ки уҳдадор аст талабу норозигии худро исбот намояд, аммо далелҳои доштаашро нигоҳ дошта ба суд пешниҳод намекунад, суд ҳуқуқ дорад хулосаи худро бо баёноти тарафи дигар  асоснок намуда, тавзеҳ диҳад.

Ҳангоми ҳозир нашудани ҷавобгар дар давраи омодасозии парванда, судя ҳуҷҷатҳоро ба маҳалли зист ё маҳалли ҷойгиршавии ӯ равон карда, ба охирин пешниҳод менамояд, ки дар муҳлати муайян баҳри асоснок намудани норозигиаш далелҳоро пешкаш намояд.

Мувофиқи талаботи моддаи 420 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд метавонад мутобиқи аризаи ситонанда ё қарздор ё дар асоси таъинот амали иҷроро мавқуф гузорад.

Давлатов И.М. дар намояндагии Файзуллоев М.Н. бо аризаи даъвогӣ дар бораи қисман озод намудан аз пардохти алимент ба суд муроҷиат намуда, минбаъд он аз ҷониби намояндаи даъвогар бо талабот дар бораи мавқуфгузории ҳалнома тағйир дода шуда, бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 17 декабри соли 2024, иҷрои ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 15 августи соли 2023 дар бораи рӯёнидани алимент барои таъминоти панҷ фарзанд дар қисми рӯёниши як фарзанд мавқуф гузоштааст.

Ҳоло он, ки аз ҷониби даъвогар ё намояндааш ба суд ягон далели боэътимод, дар хусуси фарзандаш дар таъминоти даъвогар қарор дорад, аз ҷумла санади судӣ дар бораи муқаррар кардани ҷои зисти фарзанд пешниҳод нагардида, суд санади судиро то кадом давра мавқуф гузошта, манфиатҳои кӯдакро ба инобат нагирифтааст.

Дигар ҳолат, ин ки судя ҳангоми омодасозии парванда вазифаи худро иҷро накарда, ҳуҷҷатҳоро ба маҳалли зист ё маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар ирсол накардааст.

Мувофиқи талаботи қисми 2 моддаи 74 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон, далелҳои хаттӣ дар шакли асл ё дар шакли нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардида пешниҳод карда мешаванд. Агар ба парвандаи баррасишаванда як қисми ҳуҷҷат дахл дошта бошад, иқтибоси тасдиқгардидаи он пешниҳод карда мешавад. Асли ҳуҷҷатҳо ҳангоме пешниҳод мегарданд, ки агар ҳолатҳои парванда мутобиқи қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд танҳо ба воситаи ин ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда шаванд, агар ҳалли парванда бе ҳуҷҷатҳои асл имконнопазир бошад ва агар нусхаи ҳуҷҷатҳое пешниҳод шуда бошанд, ки бо мӯҳтавои худ фарқ мекунанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки аслӣ будани ҳуҷҷат баҳснок аст.

Аз омӯзиши парвандаҳо муайян гардид, ки гарчанде маводҳои парванда аз қабили шиносномаҳо, шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон ва дигар ҳуҷчатҳо бо таври нусха ба суд пешниҳод гардида бошанд ҳам, судяҳо дар вақти қабули аризаҳои даъвогӣ, нусхаи он ҳуҷҷатҳоро бо таври дахлдор тасдиқ намекунанд.

Мувофиқи бандҳои 25.1 ва 25.2 Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фаромиши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 2017 таҳти №48 тасдиқ карда шудааст. “Санади судӣ, ки дар шакли санади алоҳида қабул карда шудааст дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад ва аз тарафи судя-раисикунандаи парванда имзо карда мешавад”.

Санадҳои судӣ дар қоғази формати А4 (201х297мм), бо фосилаи байнисатрии 1, бо шрифти забони тоҷикӣ – Times New Roman Tj, андозаи 14 бо сарҳадҳои аз тарафи чап 30мм, аз тарафи рост 15мм, аз боло ва поён 20мм бо хаттӣ рост, бе сиёҳкунӣ чоп карда мешавад. Санади судӣ метавонад дар як тараф ё дар ҳарду тарафи қоғаз чоп карда шавад.

Илова бар ин, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ гардидаст. Дар аксар ҳолатҳо ҳангоми таҳияи санадҳои судӣ, протоколҳои маҷлиси судӣ дар матни ҳуҷҷатҳо ғалатҳои зиёди имлоӣ ва истифодаи калимаю ибораҳои ғайримеъёрии забони давлатӣ роҳ дода шуда, муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ва талаботҳои Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намегардад.

Дар ин раванд омӯзиши парвандаҳо собит сохт, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд, аз ҷониби баъзе судяҳо талаботи бандҳои 23 ва 25 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2004 таҳти №12 “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба ситонидани алимент барои таъминоти фарзандон”, бо таври дахлдор риоя намегардад.

Мувофиқи талаботи бандҳои 23 ва 25 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нархи даъво аз рӯи маблағе, ки нисбат ба онҳо пардохти алиментҳо кам ё ки зиёд карда мешавад, лекин бо назардошти маблағи на зиёда аз яксола, муқаррар карда мешавад.

Дар ҳолати аз тарафи суд қонеъ гардонидани талаботи тарафи манфиатдор дар бораи тағйир додани андозаи алиментҳои қаблан аз тарафи суд муқарраргардида пардохти онҳо бо андозаи аз нав муқарраршуда аз рӯзи ба эътибори қонун даромадани ҳалномаи дар ин бора баровардаи суд ба амал бароварда мешавад.

Мисол: Дар ҳалномаҳои судӣ роҷеъ бо парвандаҳои оилавӣ бо даъвои Раҳмонзода М.Қ. ва Тағойназарова О.Х. дар бораи тағйир додани андозаи алимент, рӯёниши алимент фавран ба амал бароварда шуда, боҷи давлатӣ аз маблағи зиёд кардани пардохти алиментҳо муқаррар карда нашудааст.

Мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 412 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ба ситонанда варақаи иҷроро баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома, таъинот ё қарор месупорад, ба истиснои ҳолатҳои иҷрои фаврӣ, ки ҳангоми он варақаи иҷро баъди баровардани санади судӣ фавран дода мешавад. Варақаи иҷро ба ситонанда супурда мешавад ё мутобиқи хоҳиши ӯ аз ҷониби суд барои иҷро бевосита ирсол мегардад.

Мувофиқи талаботи банди 21.5 Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби маҷлиси судӣ бо супориши судя варақаи иҷроро ирсол менамояд.

Мисол: Дар парвандаҳои оилавӣ бо даъвои Ёрова С.Ф. ва Фахрутдинова Х.Х. дар бораи тағйир додани андозаи алимент варақаҳои иҷро ба даъвогарон дар як рӯз супорида шудааст. Ҳоло он, ки ба ситонанда варақаи иҷро баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома супорида мешавад.

Протоколи маҷлиси судӣ бояд ба талаботи талаботи моддаи 234 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошад.

Дар аксар ҳолатҳо аз ҷониби котибони маҷлиси судӣ дар вақти таҳияи протоколи маҷлиси судӣ қоидаҳои зикргардида риоя карда намешавад.

Мисол: Дар протоколҳои маҷлиси судӣ вобаста ба парвандаҳои оилавӣ бо даъвои Нақатова Б.И. ва Холмирзоева Ш.Н. дар бораи тағйир додани андозаи алимент дар он меъёрҳои КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидааст.

Ё ин, ки дар парвандаи оилавӣ бо даъвои Буриева З.Р. дар бораи тағйир додани андозаи алимент то ҳол варақаи иҷро ба даъвогар, яъне ситонанда супорида ё ба суроғааш ирсол карда нашудааст.

Ин ҳолат дар дигар парвандаҳо низ ба чашм мерасад.

Натиҷаи ҷамъбастӣ нишон дод, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз пардохти он аз ҷониби баъзе судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд меъёрҳои моддию мурофиавии маданӣ ва тавзеҳоти Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодасозии парвандаҳои маданӣ ба муҳокимаи судӣ”, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2004 таҳти №12 “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба ситонидани алимент барои таъминоти фарзандон” ва Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври дахлдор риоя намегардад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва дарки ҳадафҳои дар пеш истода бо мақсади манфиатнокии ин ҷамъбасткунии таҷрибаи судӣ,-

 

ПЕШНИҲОД  МЕКУНАМ:

 

Ҷамъбастии амалияи судӣ бо парвандаҳои оилавӣ оид ба тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз пардохти он дар давраи сипаришудаи соли 2024 дар маҷлис бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд мавриди муҳокима қарор дода шавад.

Ба Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ тавсия дода шавад, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз пардохти он, баҳри баланд бардоштани сифати санадҳои судӣ Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодасозии парвандаҳои маданӣ ба муҳокимаи судӣ”, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2004 таҳти №12 “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба ситонидани алимент барои таъминоти фарзандон” ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гиранд.

Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки дар вақти таҳияи протоколҳои маҷлиси судӣ, супоридан ё ирсоли санади судӣ ва варақаи иҷро ба тарафҳо аз ҷониби котибони маҷлиси судӣ, инчунин риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ва талаботҳои Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат намоянд.

 

 

Судяи суди

ноҳияи Рӯдакӣ                                                               Турсунзода Ш.