Ҷамъбастии амалияи судӣ бо парвандаҳои оилавӣ вобаста ба мерос дар давраи сипаришудаи соли 2024

 

Ҷиҳати иҷрои банди 31-и Нақшаи чорабиниҳои иловагӣ дохилиидоравии суди ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси Нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025 ва ҷиҳати иҷрои «Қарори ҷамъбастӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Суди Олӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳо дар нимсолаи дуюми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025» ҷамъбастии амалияи судӣ бо парвандаҳои оилавӣ вобаста ба мерос дар давраи сипаришудаи соли 2024, гузаронида шуд.

Мувофиқи талаботи моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.

Мерос ин молу мулк, ҳуқуқ ва уҳдадориҳое, ки пас аз вафоти меросгузор ба ворисон мувофиқи хуқуққабулкунии меросӣ мегузарад.

Гузаштани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахси вафотёфта, меросдиҳанда ба меросгирандагони он тибқи қонун ва меъёрҳои қонунгузорӣ ҳуқуқи мерос ном дорад.

Мақсад аз гузаронидани ҷамъбастии мазкур мавриди таҳлилу санҷиш қарор додани таҷрибаи судӣ бо парвандаҳои оилавӣ вобаста ба мерос аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ ва татбиқи дурусти меъёрҳои Кодекси манзил, Кодекси маданӣ ва Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти тавзеҳоти Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2009 таҳти №29. «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба татбиқи қонунгузории ҳуқуқ ба мерос» ва пешниҳоду тавсияҳо баҳри бартараф кардани камбудиҳо мебошад.

Мувофиқи талаботи моддаи 1252 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон меросгирӣ гузариши молу мулки шахси вафоткарда (меросгузор) ба шахс (шахсон)-и дигар — меросгир (меросгирон) бо тартиби ворисии ҳуқуқии умумӣ дар намуди бетағйир ҳамчун як маҷмуи том ва дар ҳамон як лаҳза мебошад, агар аз муқаррароти ҳамин Кодекс тартиби дигар барнаояд.

Меросгирӣ бо ҳамин Кодекс ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шаҳрвандон, кӯшишҳо карда, бо истифода аз ваколатҳояшон вазифаи хизматии худро саривақт ва дар доираи талаботи қонун ба иҷро расонида истодаанд.

Омӯзиш нишон дод, ки чунин ариза ё аризаҳои даъвогӣ пас аз қабули молу мулки меросӣ барои ворисон ғайримкон гардидааст ё байни ворисон созишнома дар бораи тақсими молу мулки меросӣ мавҷуд нест ба миён омадааст. 

Сабаби дигари муроҷиат намудан дар бораи муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос ин, аз ҷониби идораи нотариалӣ надодани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос ба аризадиҳанда (даъвогар) бинобар сабаби нокифоя будани ҳуҷҷатҳои дахлдор мебошад.

Мисол: Ҷураев У.Б. ба суд бо ариза дар бораи муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос муроҷиат намудааст, ки ӯ бо мақсади қабули молу мулки меросии марҳум модараш ба идораи нотариалӣ муроҷиат намуда, бинобар сабаби нокифоя будани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба ӯ бо тариқи шифоҳӣ ҷавоби рад дода, тавсия додаанд, ки доир ба ин масъала ба суд муроҷиат намояд.

Бо ҳамин мазмун дигар аризадиҳандагон бо чунин талабот ба суд муроҷиат намудаанд.

Мутобиқи талаботи банди 28 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2009 таҳти №29. “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба татбиқи қонунгузории ҳуқуқ ба мерос”. Судҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки барои ҳар як аризаи даъвогии аввала, аризаи муқобили даъво, ҳамчунин аризаи шахсони сеюме, ки нисбат ба мавзӯи баҳс талаботи мустақилона пешниҳод намудаанд боҷи давлатӣ пардохта мешавад, ки он аз арзиши молу мулки баҳсии меросӣ ё ҳиссаи он рӯёнида мешавад. Ҳангоми қабули ҳалнома боҷи давлатие, ки пардохт нашудааст ё пурра пардохт нагардидааст бо дарназардошти арзиши молу мулки меросӣ мутаносибан ба ҳиссаи ҳар яке аз ворисон ситонида мешавад.

Мувофиқи талаботи банди 4 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соил 2011 таҳти №8. «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба пардохти боҷи давлатӣ аз рӯи парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ». Ҳангоми пешниҳоди аризаи даъвогӣ дар бораи тақсимоти молу мулк, ки дар моликии умумӣ қарор дорад, инчунин оид ба ҷудо кардани ҳисса аз молу мулки зикргардида, эътироф намудани ҳуқуқ ба ҳисса дар молу мулк, агар баҳс дар бораи эътироф намудани ҳуқуқи моликии даъвогар (даъвогарон) ба молу мулки мазкур қаблан аз ҷониби суд мавриди баррасӣ қарор дода нашуда бошад он гоҳ андозаи боҷи давлатӣ тибқи банди 1-и қисми 2-и моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҳисобӣ карда мешавад.

Омӯзиши парвандаҳо нишон дод, ки дар суд таҷрибаи ягона вобаста ба пардохти боҷи давлатӣ ҷой надошта, баъзе аризадиҳанда (даъвогар) ба маблағи 20 сомонӣ ва дигаре 100 сомонӣ аз рӯи кадом нарх боҷи давлатӣ пардохт кардааст, номаълум аст.

Инчунин, ҳангоми қабули ҳалнома боҷи давлатие, ки пардохт нашудааст ё пурра пардохт нагардидааст бо дарназардошти ҳиссаи меросӣ аз ҳар як ворис ситонида нашудааст.

Мисол: Азизов Д.М. бо ариза дар бораи муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос ба суд муроҷиат намуда, аз рӯи кадом нарх ба маблағи 20 сомонӣ боҷи давлатӣ ба фоидаи давлат пардохт намудааст.

Чунин камбудиҳо дар дигар парвандаҳо низ ҷой дорад.

Омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ давраи мустақили мурофиаи судӣ ба ҳисоб рафта, мақсадаш таъмини дурусту саривақтии баррасӣ ва ҳаллу фасл намудани парвандаҳо мебошад, ки гузаронидани он тибқи талаботи моддаи 150 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳамаи парвандаҳои оилавӣ ҳатмӣ мебошад.

Омодасозии саривақтӣ ва пурраи парванда ба муҳокимаи судӣ барои баррасӣ ва ҳалли дурусти парванда дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун аҳамияти муайян дорад.

Иҷро намудани ҳар яке аз вазифаҳои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ, ки дар моддаи 151 КММ ҶТ нишон дода шудааст, ҳатмӣ мебошад.

Омӯзиш нишон дод, дар баъзе парвандаҳои оилавӣ вобаста ба мерос судяҳо ҳангоми омодасозии парванда шахсони манфиатдор ё дигар ворисон бо парванда ҷалб накардаанд.

Мисол: Бегалиев Х.К. нисбати Бегалиев К.К. бо аризаи даъвогӣ дар бораи муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос ба суд муроҷиат намуда, судя ҳангоми омодасозии парванда дигар ворисонро бо парванда ҷалб накардааст.

Мисоли дигар Абдураҳмонов А.Р. бо ариза дар бораи муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос ба суд муроҷиат намуда, судя ҳангоми омодасозӣ шахсони манфиатдорро бо парванда ҷалб накардааст.

Ё ин, ки Исломов Х. бо ариза дар бораи муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос ба суд муроҷиат намуда, судя ҳангоми омодасозии парванда Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рӯдакиро ба сифати шахсони сеюм бо парванда ҷалб намудааст, ки дар чунин ҳолат ҷалби шахсони сеюм ҷой надорад.

Ин ҳолат дар дигар парвандаҳои оилавӣ вобаста ба мерос ба чашм мерасад.

Тибқи талаботи қисми 4 моддаи 195 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурор, ки дар мурофиа ҷиҳати додани хулоса иштирок менамояд, дар музокираҳои судӣ баъди тарафҳо ва шахсони сеюм баромад мекунад.

Дар протоколи маҷлиси судӣ вобаста ба парвандаҳои оилавӣ бо аризаи Назаров Ш.Х. ва дигарон хулосаи прокурор пеш аз баромади аризадиҳанда дарҷ гардидааст.

Котибони маҷлиси судӣ бошад, ҳангоми таҳияи протоколи маҷлиси судӣ талаботҳои моддаи 234 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда, дар протокол меъёрҳои КММ Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамоянд, ки ин бар хилофи Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 74 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон, далелҳои хаттӣ дар шакли асл ё дар шакли нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардида пешниҳод карда мешаванд. Агар ба парвандаи баррасишаванда як қисми ҳуҷҷат дахл дошта бошад, иқтибоси тасдиқгардидаи он пешниҳод карда мешавад. Асли ҳуҷҷатҳо ҳангоме пешниҳод мегарданд, ки агар ҳолатҳои парванда мутобиқи қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд танҳо ба воситаи ин ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда шаванд, агар ҳалли парванда бе ҳуҷҷатҳои асл имконнопазир бошад ва агар нусхаи ҳуҷҷатҳое пешниҳод шуда бошанд, ки бо муҳтавои худ фарқ мекунанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки аслӣ будани ҳуҷҷат баҳснок аст.

Омӯзиш собит сохт, ки мавод ва дигар далелҳои хаттӣ ба суд бо таври нусха пешниҳод гардида, судяҳо ин ҳолатро мадди назар карда, нусхаи онҳоро бо таври дахлдор тасдиқ намекунанд.

Мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 198 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалнома дар доираи талаботи пешниҳоднамудаи аризадиҳанда (даъвогар) қабул карда мешавад.

Мисол: Исломов Х. бо ариза дар бораи муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос ба суд муроҷиат намуда, минбаъд он тибқи талаботи моддаи 43 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибмулкӣ ва ҳолати қабули мерос табдил дода шуда, дар қабати парванда чунин ариза мавҷуд нест.

Инчунин, баъзе судяҳо пайдарҳамии таҳияи ҳалномаро, ки дар моддаи 202 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, риоя намекунанд.

Дар парвандаи оилавӣ бо аризаи Оев А.М. дар бораи муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос дар қисми баёнии ҳалнома нишондоди шоҳид дарҷ гардидааст, ки нишондоди шоҳид бояд дар қисми асосноккунонии ҳалнома ба сифати далел баҳо дода шавад.

Ғайр аз ин, баъзе судяҳо ариза дар бораи муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос баррасӣ намуда, бо сандаи судӣ муҳлати қабули меросро дароз намудаанд.

Мисол: Тағоев Қ.Ш. бо ариза дар бораи муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос муроҷиат намуда, судя дар баробари воқеъияти қабули мерос муҳлати онро дароз кардааст.

Бо ҳамин монанд: парвандаҳои оилавӣ бо аризаи Меликов У.Б., Мирзобовоев О.Н. ва дигарон баррасӣ гаридида, бо санадҳои судӣ муҳлати қабули мерос дароз карда шудааст.

Дар чунин ҳолат молу мулки мерос аллакай қабул шуда эътироф гардида, зарурияти дароз кардани муҳлати он ҷой надорад.

Мувофиқи бандҳои 25.1 ва 25.2 Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармоиши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 2017 таҳти №48 тасдиқ карда шудааст “Санади судӣ, ки дар шакли санади алоҳида қабул карда шудааст дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад ва аз тарафи судя-раисикунандаи парванда имзо карда мешавад”.

Санадҳои судӣ дар қоғази формати А4 (201х297мм), бо фосилаи байнисатрии 1, бо шрифти забони тоҷикӣ – Times New Roman Tj, андозаи 14 бо сарҳадҳои аз тарафи чап 30мм, аз тарафи рост 15мм, аз боло ва поён 20мм бо хаттӣ рост, бе сиёҳкунӣ чоп карда мешавад. Санади судӣ метавонад дар як тараф ё дар ҳарду тарафи қоғаз чоп карда шавад.

Қоидаҳои зикршуда ҳангоми таҳияи санади судӣ аз ҷониби баъзе судяҳо риоя намегардад.

Мувофиқи талаботи банди 22 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2009 таҳти №29. “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба татбиқи қонунгузории ҳуқуқ ба мерос”. Судҳо ҳангоми баррасӣ намудани масъала дар бораи  қабули мерос  бояд дар назар дошта бошанд, ки қабули мерос бо ягон шарту эзоҳот иҷозат дода намешавад. Воқеъан ба соҳибияти қисми амволи меросӣ шурӯъ намудан  ҳамчун қабули ҳамаи мероси ба кадом андозае набошад ва дар куҷое, ки ҷойгир набошад дониста мешавад. Ҳамзамон, бояд ба инобат гирифт, ки номгӯи амалҳои ворис, ки воқеъан қабули меросро исбот менамоянд, кифоя нест. Аз ин рӯ, агар ворисе, ки якҷоя бо меросгузор зиндагӣ мекард аз мерос даст накашидааст ва истифода бурдани молу мулкро пас аз кушода шудани мерос идома медиҳад, метавонад меросро воқеъан қабулкарда эътироф карда шавад;

Аз тарафи ворис исбот намудани воқеъан ба соҳибии молу мулки меросӣ шурӯъ намудан ин, маълумотномаи мақомоти манзилӣ-коммуналӣ ё маъмурияти маҳаллӣ дар бораи он, ки ворис то лаҳзаи вафоти меросгузор якҷоя бо ӯ зиндагӣ мекард, ё ин ки молу мулки меросгузорро дар давоми шаш моҳ пас аз кушода шудани мерос гирифтааст, агар маълумотномаи мақомоти манзилӣ-коммуналӣ дар бораи он, ки ворис ҳангоми дафни меросгузор қисми молу мулки ӯро гирифтааст пешниҳод гардад, он гоҳ маълумотномаи мазкур ҳамчун исботи қабули мерос бо роҳи ба соҳибияти молу мулки меросӣ шурӯъ намудани ворис дониста мешавад; маълумотномаи мақомоти андоз дар бораи он, ки пас аз кушода шудани мерос ворис маблағи андозҳои дахлдорро пардохт намудааст; маълумотномаи маъмурияти маҳаллӣ дар бораи он, ки ворис молу мулки ғайриманқулӣ меросиро истифода менамуд; дигар ҳуҷҷатҳо ва далелҳои тасдиқкунандаи воқеъан ба соҳибияти молу мулки меросӣ шурӯъ намудани ворис шуда метавонанд.

Таҳлилҳо нишон дод, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба мерос аз ҷониби баъзе судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд меъёрҳои моддию мурофиавии маданӣ ва тавзеҳоти Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври дахлдор риоя намегардад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва дарки ҳадафҳои дар пеш истода бо мақсади манфиатнокии ин ҷамъбасткунии таҷрибаи судӣ,-

 

ПЕШНИҲОД  МЕКУНАМ:

 

Ҷамъбасти амалияи судӣ бо парвандаҳои оилавӣ вобаста ба мерос дар давраи сипаришудаи соли 2024 дар маҷлис бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд мавриди муҳокима қарор дода шавад.

Ба Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ тавсия дода шавад, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба мерос, ҷиҳати баланд бардоштани сифати санадҳои судӣ Кодекси мурофиаи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои моддию мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гиранд.

Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи протоколҳои маҷлиси судӣ аз ҷониби котибони маҷлиси судӣ талаботҳои КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя ва назарот намоянд.

 

 

Судяи суди

ноҳияи Рӯдакӣ                                                                                   Акрамзода М.Ю.