КОНСТИТУТСИЯ ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, таъминкунандаи ормонҳои миллӣ буда, он 30-сол қабл дар як марҳилаи бисёр ҳассоси таърихӣ қабул гардида, ба раванди таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон нақши муассир гузоштаст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бадаст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати сохт ва раванди пешбурди давлату давлатдорӣ, Конститутсияи худро рӯзи 6 ноябри соли 1994, бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул намуда, дар он тамоми ҳайёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифати хуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, самтҳои фаъолияти сиёсати дохиливу хориҷиро муайян ва дар бобу моддаҳои он ба таври мукаммал дарҷ гардидааст.
Дар ин қонуни асосӣ якпорчагии давлату миллат ва манфиатҳои он, эъмору ташаккули давлати навин ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакати демокративу ҳуқуқбунёд ва дуниявиву ягона дарҷ шудааст.
Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода шудааст. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян гардида, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо ва барои ҳама баробар дониста мешавад.
Конститутсия ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик буда, он тавонист тоҷиконро дар арсаи олам ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ муаррифӣ бисозад.
Ин ҳуҷҷати тақдирсоз барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил – расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Дар баробар ин, аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Бо пешрафти ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар Конститутсия се маротиба тағйиротҳо ба вуҷуд омад, ки он ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафолати риоя ва ҳифзи онҳо мусоидат карда, ба мақомоти судӣ дар бораи тартиби нави интихоб ва таъини судяҳо, тақвияти тартиби баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳо, ташкили бонизоми фаъолияти мақомоти судӣ дар раванди амалисозии ислоҳоти конститутсионӣ ба миён омадаанд, равона шудааст.
Дар ин замина, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Пешвои миллат иброз намудаанд, ки «дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо ҷиҳати бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар моро зарур аст, ки ба масъалаи худшиносию худогоҳӣ, дарки манфиатҳои миллӣ, ҳифзи фарҳанг, одоби сухану риояи либоси миллӣ ва аз ҳама муҳим бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро бо дарки баланди худшиносию бедории миллӣ, риоя ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мо метавонем ормонҳои ҳазорсолаи худро ҳифз созем».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти 30-солаи амалкарди худ, дар пешбурд ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон њамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши муассири худро гузошта, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва фаъолияти озодонаро фароҳам овардааст.
Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ
ҲОТАМ НАЗАР