АДОЛАТИ СУДӢ — ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва интихоби роҳбари давлат, дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ ва меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҷорӣ гардиданд.

Давлат ва ҳокимияти судӣ вазифаи таъмини амнияти сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва адолатро ҳамчун рукни асосии пойдории сулҳ ба уҳда гирифтанд. Дар ин раванд, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзона ва ваҳдатофари миллат ниҳоят муҳим ва намоён аст.

Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои сохтории давлатӣ, низоми судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун ниҳодҳои таркибии низоми давлатдорӣ такмил ёфта, самтҳои фаъолияташон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсия мутобиқ гардонида шуданд.

Чунки таъмин намудани адолат ва қонуният ҳамчун меҳвари асосии ҷомеаи солим ва рушдёбанда ба шумор рафта, бе фаъолияти мустақил ва эътимодбахши ҳокимияти судӣ сулҳу субот ва эътимоди мардум ба давлатдорӣ устувор боқӣ монда наметавонад.

Ҳокимияти судӣ бо таҳкими низоми қонунгузорӣ ва таъмини иҷрои қонунҳо рисолати таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро иҷро мекунад. Дар кишвари мо, баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ва дар пайи он таҳдидҳои фасод ва заъфи низоми ҳуқуқӣ, зарурати таҳкими фаъолияти судӣ пеш омад, ки ба унсури ҳалкунандаи пойдории ҷомеа табдил ёфт.

Баъд аз қабули Конститутсия, ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуда, мақоми татбиқкунандаи адолати судиро соҳиб гашт.

Ҳамзамон, дар низоми судӣ ислоҳоти ҷиддӣ ба амал омад. Мутобиқи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, фаъолияти он бо санадҳои байналмилалӣ ва ниёзҳои замон ҳамоҳанг карда шуд. Дар ин радиф, бо Қарори Раёсати Маҷлиси Олӣ соли 1993 Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис ёфтанд. То он замон дар Тоҷикистон танҳо судҳои умумӣ фаъолият мекарданд. Ин як дастоварди назаррас дар самти таҳкими ҳокимияти судӣ буд.

Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсия, Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти мустақили судӣ гардид, ки дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди институтҳои демократӣ ва пояҳои давлатдорӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар заминаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2003, низоми ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия низ такмил ёфтанд. Муҳлати ваколати судяҳо даҳ сол муқаррар гардид, ки ба суботу устувории кори онҳо мусоидат кард.

Ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ дар заминаи ислоҳоти конститутсионӣ ташаккул ёфта, барои нахустин бор дар кишвар Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфтанд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти судҳо ва дар натиҷаи таѓйироти конститутсионии 22 майи соли 2016, Шурои адлия барҳам дода шуда, масъалаҳои марбут ба фаъолияти судҳо ба Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардиданд.

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти судӣ, дар заминаи баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои вазифаҳои конститутсионӣ, беҳсозии вазъи моддиву ҳуқуқии судяҳо ва такмили қонунгузорӣ ниҳоят калон аст.

Имрӯз, танҳо бо таъмини адолати воқеӣ, шаффофият ва мустақилияти судӣ метавонем пояи зиндагии шоиста ва рушди устувори ҷомеаро таъмин намоем.

Хуршед ШОҲУСЕЙНЗОДА,

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ