ҶАМЪБАСТИИ амалияи судӣ вобаста ба парвандаҳои маданӣ оид ба ҳолати бақайдгирии давлатии таваллуд дар давраи сипаришудаи соли 2024

ҶАМЪБАСТИИ

амалияи судӣ вобаста ба парвандаҳои маданӣ оид ба ҳолати бақайдгирии давлатии таваллуд дар давраи сипаришудаи соли 2024

 

Ҷиҳати иҷрои банди 3-и Нақшаи кории суди ноҳияи Рӯдакӣ барои нимсолаи якуми соли 2025 ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба парвандаҳои маданӣ оид ба ҳолати бақайдгирии давлатии таваллуд дар давраи сипаришудаи соли 2024, гузаронида шуд.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ». Асноди ҳолати шаҳрвандӣ амали шаҳрванд ё ҳодисаест, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир додан ва қатъ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳо гардида, ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян менамоянд.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ». Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон ва ба манфиати давлат ва ҷамъият муқаррар карда мешавад.

Мақсад аз гузаронидани ҷамъбастии мазкур мавриди таҳлилу санҷиш қарор додани таҷрибаи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои маданӣ оид ба ҳолати бақайдгирии давлатии таваллуд аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ ва татбиқи қонунҳои моддӣ, мурофиавӣ бо назардошти тавзеҳоти Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2003 таҳти №8 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба муқаррар кардани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ» ва пешниҳоду тавсияҳо баҳри бартараф кардани камбудиҳо мебошад.

Дар давраи ҳисоботи соли 2024 ба суди ноҳияи Рӯдакӣ 35-адад аризаҳо оид ба ҳолати бақайдгирии давлатии таваллуд ворид гардида, аз он 34-адад парванда қонеъ, 1-адад парванда бебаррасӣ мононда шудааст.

Ҳангоми баррасии парвандаҳо аз ҷониби судяҳо талаботи меъёрҳои қонуни мурофиавӣ ва моддӣ риоя гардида, санадҳои судии қонунию асоснок ва моҳиятан дуруст қабул гардидааст.

Тибқи қисми 1 моддаи 150 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя баъди қабули ариза ҷиҳати омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъинот қабул мекунад ва амалеро, ки тарафҳо, шахсони дигари иштирокчии парванда бояд анҷом диҳанд, муҳлати иҷрои ин амалҳоро барои таъмини баррасии саривақтии парванда ва ҳалли дурусти он зикр менамояд.

Омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ давраи мустақили мурофиаи судӣ ба ҳисоб рафта, мақсадаш таъмини дурусту саривақтии баррасӣ ва ҳаллу фасл намудани парвандаҳо мебошад, ки гузаронидани он тибқи талаботи моддаи 150 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳамаи парвандаҳои маданӣ ҳатмӣ мебошад.

Омодасозии саривақтӣ ва пурраи парванда ба муҳокимаи судӣ барои баррасӣ ва ҳалли дурусти парванда дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун аҳамияти муайян дорад.

Мутобиқи талаботи банди 10 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №23 аз 26 июни соли 2009 «Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум». Ҳангоми аз ҷониби даъвогар тағйир додани асос ё мавзӯи даъво, зиёд ё кам кардани андозаи талаботи даъво, бояд ба суд аризаи хаттӣ пешниҳод карда шавад. Судҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки ҳангоми тағйирёбии асос ё мавзӯи даъво, зиёд ё кам шудани андозаи талаботи даъво барои иҷрои амали дахлдори мурофиавӣ ба тарафҳо муҳлат дода, баррасии парванда мавқуф гузошта мешавад.

Тибқи талаботи банди 4 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №12 аз 19 декабри соли 2008 «Дар бораи омодасозии парвандаҳои маданӣ ба муҳокимаи судӣ». Судя пас аз қабули ариза дар асоси моддаи 150 КММ ҶТ вазифадор аст, таъинот дар бораи омодасозии парвандаро ба муҳокимаи судӣ қабул намуда, дар он амалиётҳои мушаххасро, ки бояд тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда иҷро намоянд, инчунин муҳлати анҷом додан ва давомнокии онҳоро дар ҳар як ҳолати мушаххас бо назардошти имконпазирии воқеии иҷроиш муайян карда шудааст, нишон диҳад.

Мутобиқи талаботи моддаҳои 270 ва 272 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқиро танҳо ҳангоме муайян менамояд, ки агар барои аризадиҳанда бо тартиби дигар дарёфти ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо ё барқарорсозии ҳуҷҷатҳои гумшуда имконнопазир бошад.

Дар ариза ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ бояд зикр гардад, ки ба аризадиҳанда муайян намудани ҳамин ҳолат барои кадом мақсад зарур аст, инчунин бояд дар ариза далелҳои тасдиқкунандаи имконнопазирии аз ҷониби аризадиҳанда дарёфт намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ё ғайриимкон будани барқарорсозии ҳуҷҷатҳои гумшуда дарҷ гарданд.

Дар баъзе парвандаҳо ин ҳолат аз мадди назари судяҳо дур мондааст.

Мувофиқи талаботи банди 2 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак». Падару модар уҳдадоранд пас аз таваллуд кӯдакро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.

Омӯзиши парвандаҳо собит сохт, ки падару модарон уҳдадориҳои худро ҷиҳати тарбияи кӯдак иҷро накарда, пас аз таваллуд кӯдак онро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ намегузаронанд, ки дар натиҷа сабти таваллуди фарзандон дар мақомотҳои давлатӣ бо таври дахлдор ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст.

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ». Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз тарафи шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва ноҳия, дар шаҳраку деҳот бошад, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот сурат мегирад.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот». Ба ваколатҳои алоҳидаи давлатӣ, ки ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вогузошта шудааст, ин бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мутобиқи қонунгузорӣ мебошад.

Сабабҳои ба суд муроҷиат кардани шаҳрвандон бо ариза оид ба ҳолати бақайдгирии давлатии таваллуд ин аз бе масъулиятии баъзе кормандони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ ва Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Зеро масъулин вазифаи худро мутобиқи қонунгузорӣ ба анҷом нарасонида, баъди муроҷиати шаҳрванд дар бораи бақайдгирии давлатии сабти таваллуд, онро дар китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд нагирифтаанд.

Мисол: Аризадиҳанда Ғиёсова Қ. бо ариза дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуд ба суд муроҷиат карда, ҳангоми баррасии парванда муайян гардидааст, ки аз тарафи Бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ ба духтари аризадиҳанда шаҳодатномаи таваллуд дода шудааст, аммо кормандони бахш нисбат ба вазифаи худ бе масъулиятӣ зоҳир намуда, сабти таваллуди зикршударо дар китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд нагирифтаанд.

Бо ҳамин монанд: Аризадиҳанда Хасанов С. ба суд муроҷиат кардааст, ба вай аз тарафи Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ шаҳодатномаи таваллуд дода шуда, аз бе масъулиятии баъзе кормандони ҷамоат он ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст.

Чунин ҳолат дар дигар парвандаҳои маданӣ низ дида мешавад.

Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 74 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон, далелҳои хаттӣ дар шакли асл ё дар шакли нусхаи ба таври дахлдор тасдиқгардида пешниҳод карда мешаванд. Агар ба парвандаи баррасишаванда як қисми ҳуҷҷат дахл дошта бошад, иқтибоси тасдиқгардидаи он пешниҳод карда мешавад. Асли ҳуҷҷатҳо ҳангоме пешниҳод мегарданд, ки агар ҳолатҳои парванда мутобиқи қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд танҳо ба воситаи ин ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда шаванд, агар ҳалли парванда бе ҳуҷҷатҳои асл имконнопазир бошад ва агар нусхаи ҳуҷҷатҳое пешниҳод шуда бошанд, ки бо мӯҳтавои худ фарқ мекунанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки аслӣ будани ҳуҷҷат баҳснок аст.

Аз омӯзиши парвандаҳои маданӣ бармеояд, ки гарчанде маводи парвандаҳо аз қабили шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон ва дигар ҳуҷҷатҳо бо таври нусха ба суд пешниҳод гардида бошанд ҳам, судяҳо дар вақти қабули ариза, нусхаи ҳуҷҷатҳоро бо таври дахлдор тасдиқ намекунанд.

Мувофиқи бандҳои 25.1 ва 25.2 Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармоиши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 2017 таҳти №48 тасдиқ карда шудааст. “Санади судӣ, ки дар шакли санади алоҳида қабул карда шудааст дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад ва аз тарафи судя-раисикунандаи парванда имзо карда мешавад”.

Санадҳои судӣ дар қоғази формати А4 (201х297мм), бо фосилаи байнисатрии 1, бо шрифти забони тоҷикӣ – Times New Roman Tj, андозаи 14 бо сарҳадҳои аз тарафи чап 30мм, аз тарафи рост 15мм, аз боло ва поён 20мм бо хатти рост, бе сиёҳкунӣ чоп карда мешавад. Санади судӣ метавонад дар як тараф ё дар ҳарду тарафи қоғаз чоп карда шавад.

Омӯзиш нишон дод, ки дар баъзе парвандаҳо қоидаҳои зикргардида ҳангоми сандаҳои судӣ аз ҷониби судяҳо риоя намегардад.

Тибқи талаботи қисми 4 моддаи 195 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурор, ки дар мурофиа ҷиҳати додани хулоса иштирок менамояд, дар музокираҳои судӣ баъди тарафҳо ва шахсони сеюм баромад мекунад.

Дар протоколҳои маҷлиси судӣ вобаста ба парвандаҳои маданӣ таҳти №3-251/24, №3-255/24, №3-320/24, №3-448/24 ва №3-478/24, хулосаи прокурор пеш аз баромади аризадиҳанда дарҷ гардидааст.

Ғайр аз ин, котибони маҷлиси судӣ ҳангоми таҳияи протоколи маҷлиси судӣ талаботҳои моддаи 234 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда, дар протокол меъёрҳои КММ Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамоянд, ки ин бар хилофи Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таҳлилҳо нишон дод, ки қисми зиёде аз аризадиҳандаҳоро падару модарон ташкил дода, онҳо нисбат ба фарзандони худ бе масъулиятӣ зоҳир намуда, уҳдадории худро дар таълиму тарбияи кӯдак саривақт иҷро накарда, пас аз таваллуд фарзандонро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли зисти худ нагузаронида, боиси ба суд муроҷиат кардан ба миён омада, аксарияти онҳо истиқоматкунандагони Ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳоти Роҳатӣ, деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.

Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Ҷамоатҳои зикршуда корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботию ташвиқотии Қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар сатҳи паст қарор дорад.

Ҳоло он, ки Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, яъне Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдаки ҷиҳати амалишавии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 таҳти 599 тасдиқ карда шудааст, вазифадор гардидааст, ба маълумоти аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабулгардидаро расонанд, татбиқ ва натиҷагирии онҳоро таъмин намуда, дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми худро гузоранд.

Зеро баъзе аз шаҳрвандон шаҳодатномаи таваллуд доранд, аммо аз бе масъулиятии кормандони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ шаҳодатномаҳои таваллуд бо таври дахлдор дар китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бинобар ин, Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки талаботи кориро дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба роҳ монда, пас аз муроҷиати шаҳрванд дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуд, онро дар доираи ваколатҳои худ дар китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гиранд.

Судяҳоро лозим аст, баррасии чунин парвандаҳоро дар маҷлисҳои сайёри судӣ бо ҷалби шаҳрвандон ва намояндагони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва дарки ҳадафҳои дар пеш истода бо мақсади манфиатнокии ин ҷамъбасткунии таҷрибаи судӣ,-

 

ПЕШНИҲОД  МЕКУНАМ:

 

Ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба парвандаҳои маданӣ оид ба ҳолати бақайдгирии давлатии таваллуд дар давраи сипаришудаи соли 2024 дар маҷлис бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд мавриди муҳокима қарор дода шавад.

Ба Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ тавсия дода шавад, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ оид ба ҳолати бақайдгирии давлатии таваллуд, талаботҳои КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2008 таҳти №12. «Дар бораи омодасозии парвандаҳои маданӣ ба муҳокимаи судӣ», Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2003 таҳти №8. «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба муқаррар кардани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ» ва дигар қонунҳои моддию мурофиавиро ба роҳбарӣ гиранд.

Баррасии парвандаҳои маданӣ дар бораи бақайдгирии давлатии сабти таваллуд дар маҷлисҳои сайёри судӣ бо ҷалби шаҳрвандон ва намояндагони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳ монда шавад.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯдакӣ ва Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ, пешниҳод ирсол карда шавад.

 

Муовини якуми Раиси

суди ноҳияи Рӯдакӣ                                                                       Нурулозода Ш.С.