Баргузории мурофиаҳои сайёри судӣ ва суҳбату вохуриҳо бо сокинони шаҳраки Сомониён

Ҷиҳати амалисозии «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», имрӯз бо иштироки Иҷрокунандаи вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Сафарзода Д.А. ва Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ Давлатзода Ҳ.Ҳ. дар бинои Ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ баррасӣ гардида, нисбати ҳуқуқвайронкунандаҳо барои иҷрои накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷазоҳои сазовор таъин гардид.

Ҳамзамон дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат намудаанд ва мақомотҳои дахлдор пешниҳод ва таъинотҳои хусусӣ ирсол карда шуд.

Инчунин, бо сокинои Ҷамоати шаҳрак бобати Қонунҳои амалкунанда суҳбату вохуриҳо баргузор гардид.