БЕҲБУДИИ ЗИНДАГӢ АЗ ТАНЗИМ ACT

Ҳадаф аз амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беҳбудонии сатҳи зиндагӣ аст.
Дар баробари қабули ин Қонун дар ҷомеа расму оини мо аз як қатор падидаҳои номатлуб аз қабили бошукӯҳ қайд кардани зодрӯзҳо, нишастҳои пурдабдабаи ҷашнҳои оилавӣ, ҳоҷиошӣ тоза гардида, тӯю азодориҳо аз хароҷоту исрофкориҳо ба тартиб оварда шуд. Равшан аст, ки ҳама гуна харҷҳои барзиёд оилаҳоро қарздору муфлис месохт ва ин албатта ба иқтисодиёту иҷтимоиёти рӯзгор таъсири манфӣ мерасонд.
Боиси хурсандист, ки мардум торафт манфиати қонуни мавҷударо эҳсос намуда, онро риоя мекунанд.
Ҳаст воқеаҳое, ки баъзе шахрвандон онро сарфи назар намуда, талаботҳоро ба иҷро намерасонанд. Дар чунин ҳолат фаъолияти комиссияҳои назоратӣ бояд ҷоннок карда шуда, нагузоранд, ки вайронкунандагони қонун аз ҷавобгарӣ берун монанд. Танҳо бо ҳамин восита пеши роҳи русумҳои зарарнокро дар ҷомеа бартараф кардан мумкин аст.

Ҷалилзода Сайкабир Халил,
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ