БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

“Танҳо пешвоёни миллии нодир ва дурандеш, мисли Президенти  Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонанд, фазои неку созандаро аз миёни марзҳо ба василаи талошҳои самимиву содиқона, ки барои манфиати ҳамаи инсоният равона шудаанд, фароҳам оварда, дар минтақа паҳн кунанд. Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, марди нотакрор аст”.

Тариқ Иқбол Сумо, собиқ

сафири фавқулода ва мухтори

Ҷумҳурии исломии Покистон

дар Тоҷикистон

 

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон  шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлолии тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё кардани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои бузурге кардаанд.

Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили мардум бо кору пайкори созандааш ҷой гирифта, шахсияти бузургу мубораки ӯ дар таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо ҳарфҳои заррин сабт  гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як фард ва шахсияти таърихӣ тавонистанд, ки аз нав халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро ҳамчун миллати соҳибдавлату соҳибтамаддун  ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид созанд, халқи дар гирифтори нобудӣ қарордоштаро наҷот диҳанд, ҷон ба каф гирифта, мухолифинро дар оғӯш гиранд, гурезаҳоро ба Ватан баргардонанд, ба миллат ваҳдат, субот, амният оваранд, пояи давлатдориро аз сифр, лашкарро бо фармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намоянд ва неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои мардуми ташна эҳдо созанд.

Дар арсаи байналмилалӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду тараққиёт ва ободии Ватан, фароҳам оварандаи шароити арзанда барои мардуми кишвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд.

Ҳадафи асосии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани 16-уми ноябр дар он ифода  меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсия шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида, ба иҷрои вазифа шуруъ кардааст.  Ин санаи муборакро метавон рӯзи арҷгузорӣ аз заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон кард.

Мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи  мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳматҳо, талошҳои пайваста ва меҳнатҳои  шабонарӯзии шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки аҳамияти ин санаи тақдирсозро дарк намоем ва наврасону ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун сохта, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба тамаддуну фарҳанги ниёгон, ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ тарбия намоем.

 

Ҳокимбек ЗИЁЗОДА

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ