ХИЗМАТИ МОДАР-ВАТАН ШАРАФ АСТ

Имрӯз, дар ноҳияи Рӯдакӣ маъракаи тантанавии гусели наваскарон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар майдони назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, роҳбарони сохторҳои мақомоти қудратӣ ва Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Раҷабзода Ҳотам Назар низ ширкат варзидаанд.

Дар дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия А.Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, навдаъватшудагонро ба муносибати оғози хизмати ҳарбӣ самимона табрик намуд ва иброз дошт, ки хизмати Модар-Ватан ва ҳимояи марзу бум шараф ва номуси ҷавонмардӣ буда, қарзу фарз ва вазифаю рисолати шаҳрвандӣ ва имонию виҷдонии ҳар фарди соҳибватан маҳсуб меёбад.

Қайд гардид, ки сол то сол сафи довталабон ва ихтиёриёни хизмати ҳарбӣ аз ҳисоби ҷавонони бонангу номус зиёд мешавад. Боиси фараҳ ва хурсандӣ аст, ки имсол низ дар ҷараёни даъвати баҳорӣ ҷавонони синни даъватӣ бо як неруи созанда ифтихори ватандорӣ бо дили гарм баъди гирифтани даъватнома ба комиссияи даъватӣ ҳозир шуда, имрӯз ҳамчун сипарони боэътимоди Ватан сафарбар мешаванд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони мо бе ягон мушкилӣ сиёсати давлату Ҳукуматро дар ин самт дуруст ҷонибдорӣ намуда, дар баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвари хеш саҳми арзандаи худро мегузоранд.