ҶИНОЯТИ ҚАЛЛОБИИ НАЗОРАТЧИИ БАРҚ

Ҳифзи моликияти шаҳрвандон ва таъмини адолати иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар шахсе, ки бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб ба манфиати шахсии худ ба дигарон зарар мерасонад, тибқи қонун ҷавобгар дониста мешавад

Дар ҳамин замина, санаи 30-юми январи соли 2025 дар толори Суди ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи айбдоркунӣ, бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои «а, в, г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати собиқ корманди Шабакаи барқии ноҳияи Рӯдакӣ А.М., санаи таваллудаш 14 июли соли 1993, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, к. Авзалӣ, бинои 66А, хонаи №9 баррасӣ гардид.

Суд муайян намуд, ки А.М. моҳи апрели соли 2024 бо фар[1]мони Роҳбари Шабакаҳои барқии тақсимоти ШНТҶ дар шабакаи барқии ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси назоратчӣ-барқчӣ қабул шуда, ба ӯ минтақаи деҳаи Шаҳристони деҳоти Гулистон вобаста гардида, вазифаи ӯ ба ҳисоб гирифтани истифодаи қувваи барқ ва ҷамъоварии маблағи истифодаи он иборат буд.

Номбурда ҳангоми ба ҳайси назоратчӣ-барқчӣ фаъолият карданаш, аз аввалҳои моҳи майи соли 2024 то миёнаҳои моҳи сентябри соли 2024 ба боварии сокинони деҳаи Шаҳристон, яъне минтақаи ба ӯ вобаста шуда, даромада, маблағҳои гуногуни истифодаи қувваи барқро аз шаҳрвандон бо роҳи фиреб ва сӯистифода аз боварии онҳо ҷамъоварӣ карда, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба онҳо зарари ҷиддӣ расонидааст.

Чунончӣ, А.М. бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Негматова Бибиоиша Муқимҷоновна даромада, бо истифода аз мақоми хизматиаш, бо баҳонаи пардохт кардани маблағи барқи истифоданамудааш маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Номбурда моҳи июни соли 2024 бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб, бо истифода аз мақоми хизматиаш, ба боварии шаҳрванд Раҳимова Гулдаста Саидалиевна даромада, бо баҳонаи супоридани маблағи истифодаи қувваи барқи истифодашуда, аз ӯ маблағи 1780 (ҳазору ҳафтсаду ҳаштод) сомонӣ гирифта, ба манфиати худаш харҷ кардааст. Шаҳрванд А.М. барои он ки қаллобиаш ошкор нагардаду ба ӯ бовар кунанд, ба дастгоҳи ҳисоббаробаркунӣ (посттерминал) шумораи маблағро нависта, фармоиш дода, аз сабаби дар дастгоҳ-постерминал набудани маблағи пулӣ, дастгоҳ баргаи «Амонатбанк»-ро чоп карда, дар он барга маблағи фармоиши додашуда «Отказано», яъне супориш рад шуда, навишта мешудааст ва маблағ ба суратҳисоби «Амонатбанк» намегузаштааст.

Номбурда аз нофаҳмии мизоҷон-шаҳрвандон сӯистифода бурда, маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш истифода мекардааст. А. М. моҳи июни соли 2024 такроран даст ба қаллобӣ зада, бо истифода аз боварии шаҳрванд Аминов Манучеҳр Иброҳимович, бо баҳонаи пардохт кардани маблағи барқи дар хонааш истифода намудааш, маблағи 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда. ба шаҳрванд зарари ҷиддӣ расонидааст.

Инчунин, ба боварии шаҳрвандон Назирзода Гулнозаи Ғиёсиддин (барои иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ) ва Сувҳонова Лубат Сувонқуловна (барои васл намудани ҳисобкунаки барқӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои он) даромада, аз аввалӣ маблағи 800 (ҳаштсад) сомонӣ ва аз дигари маблағи 1400 (ҳазору чорсад) сомониро тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.

Шаҳрванд А.М. дар умум тайи шаш моҳи ба ҳайси назоратчӣ барқчӣ дар минтақаи Шаҳристони деҳоти Гулистон фаъолият карданаш, аз боварии сокинон истифода бурда, бо истифода аз мақоми хизматӣ барои тасарруфи молу мулки ғайр, бо истифода аз расиди пардохти «Амонатбанк», ки пардохти маблағро нишон медиҳад, 50 (панҷоҳ) ҳолати қаллобӣ карда, ба маблағи умумии 36 (сиву шаш) ҳазор сомонӣ ба шаҳрвандон зарари молӣ расонидааст.

Маблағҳои бо роҳи фиреб ва истифода аз мақоми хизматӣ ба даст овардаашро барои хушҳолиаш дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ сарф кардааст.

Бо дарназардошти далелҳои раднопазир ва зарари молие, ки А.М. расонидааст, Суди ноҳияи Рӯдакӣ ӯро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ гунаҳкор дониста, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид. Бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ ва ислоҳи шахси ҷиноятсодиркарда, ҳангоми таъин намудани ҷазо, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки талаботи моддаи 60 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, инчунин ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо, бори аввал содир намудани ҷиноят, ба гуноҳаш иқрор будан ва сидқан пушаймон шудан аз кирдори содиркарда, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят ва барқарор намудани зарари ба ҷабрдидаҳо расонидашударо ба инобат гирифта. суд ба хулоса омад, ки ба А. М. ҷазои ҷарима ва ҷазои иловагии маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои ҷавобгарии моддӣ ва пулидошпаро интихоб ва таъин намояд.

Ин ҳодиса боз як бор собит намуд, ки беадолатӣ ва сӯистифода аз боварии мардум беҷавоб намемонад. Ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки бо эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқи дигарон зиндагӣ кунад ва барои ҳар амал ҷавобгар бошад. Саҳлангорӣ дар масъалаи молу мулки мардум, махсусан аз ҷониби шахсони масъул, метавонад ба нобоварии иҷтимоӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, чораҷӯӣ ва мубориза бо чунин кирдорҳо аҳамияти муҳим дорад.

Ҳокимбек ЗИЁЗОДА,

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ