ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ОН
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад.
Мардуми шарафманди тоҷик ва қувваҳои солими ҷомеаи мо зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон доданд. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо — тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳаммияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон буда, ноил гаштан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад.
9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқуъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон намуд ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Маҳз аз ҳамин давра сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳимтарин давраи ҳаёти сиёсӣ ба шакл гирифтан оғоз намуд.
Дар ҳамин давра асосҳои конститутсионӣ ва қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойдор гардид, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳувияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилоти ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад.
Сиёсати «дарҳои кушод» ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси худро дошта, ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ибтикороти Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон баёнгари мавқеи хоссаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯйи баланди Президенти Тоҷикистон дар назди маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон мебошад.
Истиқлолият барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳое гардид, ки ҳадафҳои бузурги он ба тақдири наслҳои оянда вобаста мебошанд. Дар масири ташаккул ва таҳкими давлатдории мустақил рамзҳои давлатӣ ҳамчун шиносномаи давлату миллат аҳамияти бунёдӣ доранд.
2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи СММ ва тадриҷан узви дигар созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ – ИДМ, СҲШ, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, СААД, САҲА, Созмони Давлатҳои Исломӣ ва ғайраҳо шуда, дар доираи онҳо мамлакати биҳиштосову халқи меҳмоннавози мо мизбони чандин конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид.
Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо карда, тaшaббусҳои ҷумҳурии мо бa хотири тaъмини зиндaгии шоистaи тaмоми сокинони сaйёрa дaр сaтҳи ҷaҳонӣ пaзируфтa шудaнд. Мардуми тоҷик имкон пайдо намуд, ки Ватани худро соҳибӣ, давлатдории миллии худро барпо, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё, ормонҳои деринаи халқро амалӣ ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монад.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик дар асри нав буда, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлат ва миллати тоҷик саодатовару нишотофар гардидааст.
Ифтихори мардуми тоҷик аз он аст, ки тайи 33 сол дар фазои орому осудаи истиқлолият умр ба сар мебаранд. Ин орзу барои ҳамаи наслҳои миллати мо, аз ҷумла ниёгони сарбаландамон ормони воло, номаи тақдир, ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ ва дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммули оқилона ва ҳусни табдир дар ниҳоди давлатдории аҷнабиён пеш бурдани суннатҳои давлату давлатдории аҷдодӣ будааст.
Истиқлолият барои мо марҳилаи сифатан наву воқеии таърихи талошҳои озодихоҳона ва кору пайкорҳои ошкору ниҳони расидан ба давлату давлатдории миллӣ ва ҳифз намудану пос доштани мероси маънавию фарҳангии миллат мебошад.
Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ
Ҳотам Назар