МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди Наврӯз баргузор гардид, ки он бо табрикоти Раиси суд муҳтарам Раҷабзода Ҳ.Н. оғоз гардид. Ҷашни хуҷастапай ва ҳамешасабзи баҳор — Наврӯзи оламафрӯзро муҳтарам Раис ба ҳама кормандон табрик гуфта, ба онҳо сарбаландиву муваффақият орзу намуданд. Қайд карданд, ки ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад. Хоҳони он шуданд, ки Наврӯзи хуҷастапай ба ҳар як хонадони Тоҷикистони азизамон хуррамию шодиву нишот, хушбахтии доимӣ оварад ва бо ду мисра шеър табрикоташонро хотима доданд:

Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Сипас, муовинон низ кормандонро ба Иди Наврӯз табрик намуданд. Доир ба пайдоиши ҷашни Наврӯз, маънӣ, ҷаҳонишавӣ ва арзиши воло доштани ин ҷашн, кӯшишҳо ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷаҳонишавии иди Наврӯз — судяҳои суди ноҳия Иброҳимзода Б.А. ва Маҳмудзода А.С. баромад карда, онҳо низ ҳамаи кормандонро бо ин ҷашни бузург табрик намуданд. Сипас ҳама дар саҳни бинои суд аксҳои хотиравӣ гирифтанд.