Марафони дави миллӣ ва велосипедронӣ бахшида ба рӯзи «Ҷавонони Тоҷикистон»
Субҳи имрӯз бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даромадгоҳи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ то муҷасамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим «Марафони дави миллӣ ва велосипедронӣ бахшида ба рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои қудратӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла Раиси ноҳия А.Ҳикматуллозода, Раиси суди ноҳия Ҳотам Назар, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзидаанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.