Маъракаи «Рӯзи даъватшаванда» дар ноҳияи Рӯдакӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 01 апрели соли 2024 дар боғи фарҳангӣ фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Раҷабзода Ҳотам Назар ва дигар роҳбарони сохторҳои қудратӣ, бахшида ба рӯзи даъватшаванда ва оғози маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маросими тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.