МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ — АМАЛИ ДАСТҶАМЪОНА

Коррупсия ин кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд. Ё худ ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Коррупсия ҳамчун яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурухтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Коррупсия чун зуҳуроти таърихӣ, иҷтимоӣ иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ сабабҳои зиёди пайдоиш дорад ва яке аз онҳо якҷояшавии ҳокимият бо иқтисодиёт мебошад, ки миллату давлати мо низ дар таърихи мавҷудияти худ онро паси сар кардааст. Он дар солҳои ҳокимияти шуравӣ боз ҳам амиқтар гашта буд, чун имконияти дахолати давлатӣ ба равандҳои иқтисодӣ барои аз салоҳиятҳои маъмурӣ гирифтани фоидаи шахсӣ ҳамеша шароитҳои муносибро ба хизматчии давлатӣ фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти низоми идоракунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кам кардани шумораи вазоратҳо, муттаҳидсозии функсияҳо, таҷдиди назари салоҳиятҳои онҳо, маҳдуд кардани дахолати давлат ба иқтисодиёт мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 1 октябри соли 2020 таҳти № 390 бо таҳрири нав қабул гардид. Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» (барои марҳилаи якум солҳои 2022-2025), аз 3 августи соли 2021, № 222 тасдиқ карда шудааст. Баҳри рафти таъмини иҷрои талаботи он аз тарафи тамоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар ин самт корҳои доимӣ ба роҳ монда шудааст.

Мақсади Стратегия баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинати ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор намудан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсионӣ алоқаманд, нигаронида шудааст.

Қонуни мазкур муайян намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҷинояткориҳои коррупсионӣ содир намуда , намудҳои гуногуни ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоро амалӣ менамояд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ошкор ва бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ сухан карда, вазифагузориҳо намудаанд, ки дар ин самт дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқобили ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ муборизаи дастаҷамъонаи беамон бурда, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ решакан карда карда шаванд.

Дар ҳудуди вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳои истиқоматӣ ва дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, тадбирҳои пешгирии пайдоиши зуҳуроти коррупсионӣ, амалҳои коррупсионӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар қонунҳо пешбинишуда, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоварад, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд, ҳамчунин ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ки боиси ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегарданд ва дар асоси талаботи бандҳои дахлдори нақшаи чорабинии Стратегияи муқовимат ба коррупсия корҳои фаҳмондадиҳӣ-огоҳкунӣ доир карда мешаванд. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо ҳолатҳои пайдоиши амалҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда мешаванд.

Гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқоти баҳри татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, роҳбарони идораю ташкилотҳо, комиссияҳои мубориза ба муқобили коррупсияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон корбариҳо самаранок ба роҳ монда мешавад.

Афзалшо РАҲМОНЗОДА,

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ