МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

Дарки моҳият ва хатарҳои терроризм ба авзои ҷаҳони муосир сахт вобастагӣ дорад. Солҳои қабл ҷомеаи Аврупоӣ бовар дошт, ки аз хатарҳои терроризму экстремизм эмин аст. Вале ин як иштибоҳи ҷиддӣ буд.

Маҳз бо шарофати сиёсати дугунаи кишварҳои абарқудрат, солҳои охир хатару таҳдидҳое, ки аз терроризму экстремизм сарчашма мегиранд, бесобиқа доман паҳн карда, фаъолияти созмонҳо ва гурӯҳҳои террористиву ифротӣ фаромиллӣ ва фаромарзӣ гардиданд.

Мубориза бо терроризму экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ вобаста ба он санадҳои гуногуни меъёриву ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Маврид ба қайд аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳар як миллату давлат ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ талош меварзад. Дар ин раванд, ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа, нақши муҳим ва калидӣ доранд. Аз ҷумла, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷавонони боору номус саҳми назаррас мегузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва ходимони дин рӯзи 9 марти соли 2024 таъкид намуданд: «Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки гароидан ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ ва бадном кардани давлату миллат оқибатҳои ногувор дорад».

Яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ паст будани сатҳи маърифатнокӣ, аз ҷумла маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, надонистани таъриху фарҳанги миллӣ арзёбӣ мешавад.

Рӯ овардан ба илму дониш, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани касбу ихтисосҳои замонавӣ метавонад ҷавонони моро аз хатари шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ эмин нигоҳ дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президен[1]ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид намуданд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои ҷалби шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро ба кор мебаранд ва ҷавонони камтаҷрибаю ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд».

Омили асосии сирояти ғояҳои ифротгароёна ба зеҳни баъзе аз ҷавонон, таблиғоти равияҳои номатлуб ба мисли ваҳҳобия, салафия ва «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошад. Бинобар ин, мубориза бо терроризму экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Душманони миллати тоҷик мехоҳанд бо ҳар роҳу восита фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Мубаллиғони ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз эътиқоди динӣ, ҷавонони ноогоҳро фиреб дода, онҳоро муқобили ватану миллат истифода мебаранд. Ин гурӯҳҳо ҷиноятҳои худро асосан дар заминаи ақидаҳои ифротии динӣ, паст будани маърифати динӣ ва таблиғи бартарии равияи худ бар дигар равияҳои Ислом содир мекунанд.

Тарғиби қонунҳои амалкунанда, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳию худшиносии миллӣ ва дарки равандҳои замони муосир вазифаҳоеанд, ки сулҳу субот ва амнияти ҷомеаро таъмин менамоянд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Бояд тадбирҳо андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд.»

Бетарафӣ нисбат ба ин падидаи номатлуб метавонад ба рушду пешрафти кишвар монеа эҷод намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва амнияти Тоҷикистон таҳдид кунад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст бояд дар ҳифзи якпорчагии Ватан, сулҳу субот, истиқлол ва ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад.

Бахтиёр САДИРЗОД,

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ