Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди ноҳияи Рӯдакӣ барои соли 2022 оиди таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)

 

         «ТАСДИҚ МЕНАМОЯМ»

Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ

_______________Расулзода Н.Ғ.

«03» марти соли 2022

 

Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди ноҳияи Рӯдакӣ барои соли 2022 оиди таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)

 

р/т

Номгӯи чорабиниҳо Муҳлат Шахсони масъул
1. Дар ҷаласаи назди раиси суд мавриди омӯзиш қарор додани Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)  

 

март

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовини якуми раис:-

Солеҳзода З.Т.

 

2. Ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳияи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, бахусус ҷавонон вобаста ба иҷрои содиқонаю поквиҷдононаи вазифаҳои хизматӣ андешидани чораҳои дахлдор оид ба ҳавасмандгардонии онҳо  

 

мунтазам

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:- Солеҳзода З.Т.

Сафарзода Д.А.

3. тақвият додани фаъолият дар самти ҷорӣ намудани таҷрибаи тақсимоти электронии парвандаҳо дар байни судяҳо соли 2022 Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовини якуми раис:-

Солеҳзода З.Т.

4. Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», нашр намудани санадҳои судӣ дар сомонаи расмии суд  

мунтазам

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:- Солеҳзода З.Т.

Сафарзода Д.А., судяҳо ва мушовир, (бо фар мони Раиси суд таҳти №11 аз 17.05.2021 сол)

5. Тавассути идома додани корҳо дар самти ташкил намудани сомонаҳои расмӣ дар суд, фаъоли нигоҳ доштани сомона ва мунтазам нашр намудани маълумотҳои зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани дастрасии шаҳрвандон ба  иттилоот оид ба фаъолияти суд  

 

соли 2022

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:- Солеҳзода З.Т.

Сафарзода Д.А., судяҳо ва мушовир, (бо фар мони Раиси суд таҳти №11 аз 17.05.2021 сол)

6. Ҷиҳати огоҳонии аҳолӣ аз сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшидан ба нашри маълумотҳо оид ба пешгирии коррупсия дар сомонаҳо  

мунтазам

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:- Солеҳзода З.Т.

Сафарзода Д.А.,

судяҳо ва мушовир,

7. пурзӯр намудани назорат дар самти истифодаи сарфакоронаю мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирии тасаарруф ва ҳолатҳои дигари коррупсионӣ зимни истифодабарии ин маблағҳо  

мунтазам

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовини якуми раис:- Солеҳзода З.Т., кормандони дастгоҳ Элмуро-дова С.Х., Азизиён З.М. ва Восезода А.В.

8. ҷиҳати пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳои хусусяти коррупсионидошта ва бартараф намудани сабабу омилҳои ба ҷиноят мусоидаткунанда, қабули таъинотҳои хусусӣ ва назорати иҷрои он  

мунтазам

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовинони раис:- Солеҳзода З.Т.

Сафарзода Д.А., судяҳо ва мушовири суд

9. Аз натиҷаи иҷрои нақшаи мазкур дар ҷамъбасти сол ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод карда шавад  

охири соли 2022

Раиси суд:- Расулзода Н.Ғ.

Муовини раис:-Сафарзода Д.А.

Эзоҳ: Назорати таъмини иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда ба зиммаи муовини раиси суд Сафарзода Д.А. вогузор карда шавад.