НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД!

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бо ҳалномаҳои Суди Олӣ 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.

Сомонаҳои ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳои зерин ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ баста шуданд ва воридоти адабиёти онҳо манъ аст:

1. Ҳизби Наҳзати Исломӣ
2. Ташкилоти «Ал-Қоида»
3. Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ
4. Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон)
5. Ҳаракати «Толибон»
6. Ташкилоти «Бародарони Мусулмон»
7. Ташкилоти «Лашкар-е-Тайба»
8. Гурӯҳи исломӣ (Ҷаъмият-е-Ислам-и Покистон)
9. Ҷамъият-е-Таблиғ
10. Ташкилоти динӣ-мубаллиғии «Созмони Таблиғот»
11. Тоҷикистони Озод
12. Ҳизби Таҳрир
13. Ҳизб-ут-таҳрир
14. Равияи динии «Салафия»
15. Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ»
16. Ҳаракати ҷамъияти «Гурӯҳи 24»
17. Ташкилоти «Давлати исломӣ» (Давлати исломии Ироқу Шом)
18. Ҷабҳату-н-Нусра» (Ҷабҳат-ан-Нусра)
19. «Паймони миллии Тоҷикистон»
20. Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ)
21. Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ-ал-Иҷтимоӣ)
22. Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Иҳё-ат-Тураз ал-Исломӣ)
23. Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал-Ҳарамейн, Дом двух святых)
24. Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург)
25. Ҷиҳоди Исломӣ — «Ҷамоати муҷоҳиддин»
26. Иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво»
27. Ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News) ё «Памир нюс» (Pamir News)
28. Ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон»
29. Ташкилоти экстремистии «Тоҷикистони нав 2»

Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар зуҳуротҳои ифротгароӣ дар сафи пеш қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини сулҳу субот, амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми бориз гузошта, бо қабул гардидани Стратегияи давлатӣ дар бораи мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатест дар самти муқовимат бо ин хатари замони муосир.

Дар ин раванд, аз ҷониби Суди ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур Нақша чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия гардида, мунтазам Роҳбарият, Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо фаъолон ва аҳолии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ, алалхусус ҷавонон суҳбату вохӯриҳо баргузор менамоянд.