НАВРӮЗ – ҶАШНИ ОРИТАБОРӢ
НАВРӮЗ – ҶАШНИ ОРИТАБОРӢ
Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,
Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.
Ифтихори мост, ки халқи куҳанбунёди тоҷик дар офариниши бинои мӯҳташами илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ ҳиссаи басо сазовор гузоштааст. Мероси бузурги илмӣ ва фарҳангии ниёгони мо, ки ба тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шуда аз самараи он халқу миллатҳои ҷаҳон истифода мебаранд, далели гуфтаи болоист.
Фарҳанги наврӯзӣ аз ҷузъи хеле равшан ва побарҷоест аз мероси фарҳангии ниёгони мост. Бинобар ба табиат ва зиндагии инсони заминӣ робитаи ногусастанӣ доштани фарҳанги наврӯзии тоҷикон онро тамоми халқҳое, ки тӯли асрҳо бо аҷдодони мо ҳамсоягиву, робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ доштанд, эътироф намуданд ва тӯли асрҳо мавриди истифода қарор додаанд. Дарвоқеъ, ҷашни Наврӯз аз қадимтарин идҳои мардумони тоҷику форс ва ҷаҳон буда, умри беш аз панҷҳазорсола дорад.
Боварӣ дорем, ки Наврӯзи соли 2022 низ бо намоиши беҳтарин суннатҳои мардуми озоду фарҳангсолори тоҷик бо ифтихор аз Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчун нишони дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами мо ва Ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчун рамзи муттаҳидии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шукргузорӣ аз сулҳу субот ҷашн гирифта мешавад. Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми сокинони кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии Наврӯзи Аҷам-иди баҳори нозанин табрик ва муборакбод намуда, дар соли нав саломатӣ, комёбиҳои меҳнатӣ ва бурдбориҳо таманно менамоем.
РАҲМОНЗОДА А.У.
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ