ОИЛА СУТУНИ ҶОМЕА

ОИЛА СУТУНИ ҶОМЕА

 

Мутафаккири бузурги Юнони қадим Арасту гуфта буд: «Оила — пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеаи солим ҳукмфармост». Ин нукта масалан барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст. Масъалаҳои муҳими рӯз маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад.

Бунёди оилаи солим кори саҳл нест ва аз инсон масъулияти гаронро тақазо мекунад. Шариати мо ҳам дар ин маврид ҳуқуқҳои хосеро бар зану шавҳар муқаррар кардааст, ки танҳо дар заминаи иҷрои ҳар кадоме аз ҳуқуқҳо оилаи хубу солимро бунёд кардан мумкин аст. Танҳо пас аз иҷрои ин амалҳо ҳам мард ва ҳам зан метавонад дар фазои муҳаббату якдигарфаҳмӣ оилаашонро мустаҳкам нигоҳ доранд.

Мавриди қайд аст, ки ҳар духтару ҷавонписар, ки ба бунёди оила иқдом менамояд, хуб мешуд сараввал аз ҳуқуқу  ӯҳдадориҳои  худ бохабар бошад, яъне аз маърифати ҳуқуқӣ бархуррдор бошад. Маърифатнокии онҳо дар оиладорӣ нақши мусбӣ мениҳад.  Таҳкурсии маърифатнокии волидайни оянда бошад сараввал дар кӯдакистон, муассисаҳои ибтидоиву миёна ва оливу касбӣ бояд гузошта шавад.

 

ДИЛОРОМИ РАҲМОНАЛӢ

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ