Паёми тарбикотии Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумо ҷавонони саодатманди кишварамонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландӣ, осмони софу беғубор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи фаъолият, ватансозиву ватандорӣ ва донишомӯзӣ, барору комёбиҳо орзумандам.

Ҷавонони соҳибистиқлол нерӯи созандаи кишвар ба шумор рафта, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад.

Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи ҷавонон қайд намуданд:

«Дар чунин марҳала ва шароити ҳассос Шумо – фарзандони Тоҷикистони соҳибихтиёр бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллиро доим гиромӣ доред, ҳаргиз ба бегонапарастӣ роҳ надиҳед ва дар хотир дошта бошед, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҳар яки Шумо низ масъулият доред.

Шумо – ҷавонони азиз, ки созандагони фардои дурахшони Тоҷикистон ва сутуни боэътимоди давлату миллат ҳастед, ҳисси баланди миллӣ дошта бошед, Ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доред, онро содиқона ҳифз намоед ва ифтихор намоед, ки фарзандони яке аз миллатҳои бостонӣ ва соҳибфарҳангу тамаддунсози дунё ҳастед.

Ман ба ақлу заковат, худогоҳиву худшиносӣ, далериву шуҷоат, ғайрату матонат ва неруи зеҳниву ҷисмонии Шумо – фарзандони даврони истиқлоли Тоҷикистон эътимоди комил дорам.»

Дар ин раванд, ҷавонони моро мебояд, дар ҷаҳони пуртазоду ноороми замони муосир аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири манфии тарғиботи гурӯҳҳои ифротиву тундрав эмин нигоҳ доранд.

Бовари дорем, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва саъю талоши худ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими амнияти халқу давлат, сулҳу субот ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ саҳми худро дареғ намедоранд.

РӮЗИ ҶАВОНОН МУБОРАК!