ПРЕЗИДЕНТИ ХАЛҚПАРВАР

ПРЕЗИДЕНТИ ХАЛҚПАРВАР

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад.

Зимни ироаи Паём хотиррасон карда шуд, ки 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки дар асоси он парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳу дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд.

Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Дар ин замина тибқи сиёсати башардӯстона бо фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид.

Илова бар ин, дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 ҳазор нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд.

Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 ҳазору 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид. Илова бар ин дар замони соҳибистиқлолӣ 4 маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ карда шуд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузории дохилӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид.

Дар Паёми имсолаи хеш, Роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои ниҳоят муҳиму ояндасозро баҳри боз ҳам тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ муайян намуда, изҳор доштанд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои додашуда якояки моро ба амалишавии ҳадафи олии Ҳукумат – ноил гардидан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакт наздик намуда, обрӯю нуфузи давлати биҳиштосои моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд мебардорад.

РАСУЛЗОДА НУРИДДИН ҒАФОР

Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ