РАҲНАМОИ ВОЛИДОН ВА ОМӮЗГОРОН
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» пеш аз ҳама, ин пурзӯр кардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Он бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳамчун санади муҳимми меъёрии ҳуқуқӣ ва тарбиявию ахлоқӣ амал менамоянд. Қабули ин қонун барои ҷомеа аҳмияти калон дошта, тӯли солҳо се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа баҳри татбиқаш кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Қонуни мазкур масъулияту вазифаҳои волидайнро ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас дучанд намуд. Дар навбати худ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар самти дастгирии мактабу маориф, баланд бардоштани мақому мартабаи омӯзгор ва муҳайё намудани шароити зарурӣ барои беҳтар шудани дараҷаи таълиму тарбия, мустаҳкам гардидани робитаи волидайн бо мактаб хизмат менамояд. Мутаассифона, бо вуҷуди он ки давлату Ҳукумат дар ҷодаи дурусту баркамол тарбия ёфтани насли наврас тадбирҳои зиёд меандешад, ҳанӯз дар татбиқи қонун аз тарафи ҷомеа баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд. Нафароне ҳастанд, ки дар иҷрои он бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд.
Таҳлилу назарпурсиҳо нишон медиҳад, ки то ҳол масъулини баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ ва фаҳмондадиҳиро бо падару модарон ва назорати хонандагонро дар сатҳи лозима ба роҳ намондаанд. Ин ҷиҳат ба он овардааст, ки хонандагони макотиб ба амалҳои ношоиста, ҳатто ҷиноятҳои мудҳиш даст зананд. Ҷангҳои гурӯҳӣ дар байни мактаббачаҳо, кордкашӣ ва дар натиҷаи ин ба қатл расидани ҷавонон далели рӯшани он аст, ки аз тарафи волидону баъзе аз муассисаҳо нисбат ба қонун беэътиноӣ сурат гирфифта, муносибат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Баъзе аз падару модарон бошанд, тарбияи фарзандонро ба мактабу омӯзгорон ҳавола карда, чунин мепиндоранд, ки гӯё таълиму тарбия фақат вазифаи муассисаи таълимист. Онҳо ҳатто аз вазъи хониш, таълиму тарбияи фарзандонашон дар таълимгоҳҳо қариб ки огоҳ нестанд. Ҳол он ки масъулияти таълиму тарбия ва барои ҷомеа ҳамчун шахси баркамол ва нафърасон омода кардани фарзандон вазифаи ҷонии ҳам падару модар асту ҳам мактабу маориф. Ин кори хайр дар ҳамдастӣ ба роҳ монда мешавад. Дар сурате, ки як даст, яъне ё мактаб ё оила, аз якдигар ҷудо шаванд, костагӣ падид меояд. Оила беэътиноӣ кард, дар тарбия заъф пеш меояд, мактаб бетаваҷҷуҳӣ намуд, таълим номукаммал мемонад. Бинобар ин, ҳар чӣ зарур аст, ки ҳамкорӣ қавӣ бошад.
Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат, ҳамчун раҳнамои маънавӣ, тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои гуногуни ҳаёт, аз қабили демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим, арзёбӣ мекунанд, ки роҳу усулҳои самараноки амалӣ намудани онҳо дар Консепсияи миллии тарбия низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба он 18 номгӯи тарбия пешниҳод гардидааст. Вақти он расидааст, ки дар паҳлуи омӯзгорон ҳар як фарди ҷомеа бо ҷустуҷӯҳои фикрӣ саҳм гузошта, дар рушди маориф барои таълиму тарбияи насли оянда камари ҳиммат бубанданд. Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки: «Мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».
Шаҳло ТУРСУНЗОДА,
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ