РАҲНАМУНИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи насли наврас ғамхориҳо зоҳир месозанд. Татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” далели ин гуфтаҳост.

         Мақсади қонуни мазкур дар он аст, ки волидайн бояд ба таълиму тарбияи фарзандони худ бояд диққати ҷиддӣ диҳанд.

         Дар моддаи 9 чунин ҳадаф равшан дарҷ гардидааст, яъне падару модар уҳдадоранд, ки ба фарзандони то синни шашсола баҳри таъмини таълиму тарбияи давраи томактабӣ ҳаматарафа шароитҳои заруриро муҳайё намоянд.

         Ҳамчунин ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва назорати мунтазами волидайн доираи равиши таълиму тарбия яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад.

         Иштироки падару модар имкон медиҳад, ки таълиму тарбияи наслҳои наврас аз тарафи муаллимон сермаҳсул гардида, рӯҳияи ватандустӣ ва масъулиятмандӣ дар онҳо хуб инкошоф ёбад.

         Дар ҳамин раванд омӯзиши илму ҳунар ба онҳо имкон фароҳам меорад, ки ба роҳи дурусти оянда раҳнамун шуда, чун ворисони сазовор дар хизмати халқу Ватан омода бошанд.

 

 

         НУРУЛОЗОДА ШАЪМИГУЛ САЙВАЛӢ

Муовини якуми Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ