ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ чорабинии тантанавии “Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон” ва роҳпаймоии идона баргузор гардид, ки дар он:

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор, Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Раҷабзода Ҳотам Назар, ҷавонон, хизматчиёни давлатӣ, донишҷуёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ташкилот ва сохторҳои давлатӣ ширкат варзида, ба як қатор хизматчиёни давлатии ҷавон, ки дар касбу кори гуногун фаъолият менамоянд, бо Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ қадрдонӣ гардонидаанд.