Таҷлили “Рӯзи дониш”
Рӯзи 1-уми сентябри соли 2024, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар Литсейи давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба соли нави таҳсил “Рӯзи дониш” ва Дарси сулҳ”, баргузор гардид, ки дар он раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Раҷабзода Ҳ.Н. ширкат варзида, суханронӣ намудаанд:
Зимни суханронӣ раиси суд қайд кардаанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухаронии худ иброз намуда будаанд, “Рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».
Мувофиқи маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар соли таҳсили 2023-2024, кормандони соҳаи маорифи ноҳия ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ин раванд як қатор муассисаҳои нави таълимӣ ба фаъолият оғоз намудаанд.
Дар охир раиси суд кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаро бо соли нави таҳсил муборак гуфтаанд.