Табрикоти Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ «Бахшида ба рӯзи мақомоти судӣ»

Ҳамкасбон ва собиқадорони мақомоти судӣ! Шуморо ба муносибати иди касбӣ «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» самимона табрик гуфта, бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат ва дар фаъолияти пурмасъулу бошараф комёбиҳоро таманно дорам.
Судя ин шахси мансабдорест, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва интихоб мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии кишвар ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд кардаанд, ки «фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амалӣ норавост».

Чунки ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти он ба таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат равона шудааст. Бо иҷрои ин рисолати муҳиму муқаддас мақомоти судӣ барои пешрафти ҷомеа ва густариши равандҳои демократӣ ва устувории истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим мебозад. Фаъолияти босамари ҳокимияти судӣ барои пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим буда, эътимоду эҳтироми шаҳрвандонро нисбат ба давлат ва қонун таҳким мебахшад.

Бинобар ин, фурсати муносиб ба Шумо дар фаъолияти пурмасъул натиҷаҳои неку назаррасро таманно намуда, баҳри баланд бардоштани мавқеи мақомоти судӣ комёбиҳоро орзумандам.

Бо эҳтиром,
Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Ҳотам Назар