Табрикоти раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба «Рӯзи Президент»

Ҳамасола дар кишвари азизамон ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи хизматҳои бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзандони бузурги миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад.

Миллати тоҷик дар асри XX фарзанди қавииродаеро ба арсаи  давлату давлатдорӣ эҳдо кард, ки саҳифаҳои зиндагии ӯ, кору амали ӯ асрҳо ибратомӯз ва ифтихори миллату кишвари мо хоҳад монд. Муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон, марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфт.

Бо эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин кардани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» таҷассум ёфтааст.

Агар ба муҳимтарин тасмимҳои Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ нигарем ба чунин натиҷагирӣ метавон расид, ки онҳо муҳтавои фаъолияти пурсамар ва назарраси ин шахсияти таърихсозу таърихофарро ташкил медиҳанд:

хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯза;

тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;

ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсия, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ;

иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ (глобалӣ) оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ;

таъмини рушди устувории ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;

-таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат;

-аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;

-таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ;

-саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқтисодиёт;

-таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;

-сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар ва ғайра.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои шабонарӯзии хеш дар вазъияти ниҳоят душвор миллату ватани худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, дар таҳким ва пойдории ризоияти миллӣ, бунёди заминаҳои рушду таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши беназир дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат сафарбар менамоянд.

Моро лозим аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи ин абармарди тавоно кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, дар пешрафту тараққиёт ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорем.

Аз  ин фурсат муносиб истифода намуда, тамоми кормандони суди ноҳияи Рӯдакӣ ва мардуми кишвари азизамонро бо рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳаряки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Бо эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ

ҲОТАМ НАЗАР