Тамошои дастаҷамъонаи cуханронии Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардида, дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат соли нави таҳсил оғоз ёфта, санаи 1-уми сентябри соли 2024 мулоқоти Пешвои миллат бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш баргузор гардид.
Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф аз дастоварду пешравиҳо, натиҷаҳои ислоҳоту навсозӣ, татбиқи консепсияву барномаҳои давлатӣ, сатҳи донишу малакаи донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, мушкилоти дар низоми иҷтимоии аҳолӣ мавҷуда ва нисбат ба бурду бохти соҳаи илму маориф ҳамчун самти ояндасози давлат ва ҳалли масъалаҳои соҳа ёдовар шуда, насли наврасу ҷавонро ба илмомӯзӣ ва омӯзгоронро ба тарбияи дурусти насли ҷавону наврас ҳидоят намуданд.