ТАТБИҚИ ҚОНУН-КАФОЛАТИ ЗИНДАГОНИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

ТАТБИҚИ ҚОНУН – КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ

ШОИСТАИ МАРДУМ

Давлат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани беҳдошти зиндагии мардум ва сарфа кардани маблағҳои буҷаи оила Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул кард, ки ин аҳамияти калони пеш аз ҳама тарбиявӣ, сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ дорад. Зеро зери таъсири ин қонун мардум сарфаю сариштакорӣ ва қадр кардани маблағҳои бо арақи ҷабин ба даст овардаи худро меомӯзад.

Риоя ва иҷрои ин қонун аҳамияти калони сиёсӣ дошта,  ба мустаҳкам шудани  оила ва дар маҷмӯъ ҷомеа мусоидат мекунад.  Ин ба мустаҳкам шудани давлат ва иҷрои стратегияи   иқтисодии он кӯмак мерасонад. Чӣ хеле ки дар боби аввали қонун қайд мешавад: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатхи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин батаъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон   ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст».   Вазифаи қонуни мазкур  дар асоси комёбиҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросимҳо мебошад. Хусусан солҳои охир маъракаҳо ниҳоят мӯъҷаз гузаронида мешуданд. Аммо баъзе аъзоёни ҷомеа ин қонунро нодида мегирифтанд. Меъёрҳои муқаррароти онро риоя намекарданд. Ин тоифа шаҳрвандон дарк намекарданд, ки давлат бо воситаи қонунгузорӣ маъракаю маросимҳоро ба танзим дароварда,  мехоҳад, вазъи зиндагию сатҳи онро боло бардорад. Афсӯс сатҳи маърифати ҳуқуқию шуурнокии аъзоёни ҷомеа гуногун хел аст. Баъзеҳо марому мақсади ин қонунро нафаҳмида, маъракаҳои пурдабдаба меоростанд.

Худи, Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ махсус қайд карданд, ки аз мансабдори давлатӣ то аз шаҳрванди оддӣ ҳама бояд ин қонунро бо тағйироту иловаҳояш риоя намояд. Дар ҳолати риоя накардани қонун ҷаримаҳои калон муқаррар карда, шуд. Ҷаримабандӣ барои қонуншиканӣ то андозае одамонро водор мекунад, ки риояи қонунро баҷо оранд.

 

НУРУЛОЗОДА Ш.С.

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ