ВАҲДАТ — РАМЗИ ЯКДИЛӢ
«Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд».
Эмомалӣ РАҲМОН
Ин рӯз дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик бо хатҳои заррин сабт гардидаву садсолаҳо нақши худро чун созишномаи дӯстӣ, бародарӣ ва якдиливу якдигарфаҳмӣ нигоҳ хоҳад дошт.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон бо сабабҳо ва омилҳои гуногун унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор гардида, боиси пароканда ва ҳатто аз байн рафтани қавму миллат ва давлатҳо гардидааст. Миллати тоҷик дар тӯли таърих чунин зинаро аз сар гузаронидаву бо ақлу хирад ва корномаҳои абармардони худ тавонистааст, ки ин ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, забон, фарҳанг ва дар умум, миллати тоҷикро побарҷо нигоҳ дорад.
Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва ба вуҷуд омадани давлатҳои алоҳида, онҳо истиқлолияти худро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти миллии худро эълон намуд. Вале аз сабаби паст будани маърифати ҳуқуқиву ахлоқӣ ва нокифоя будани донишҳои динӣ, халқи тоҷик бо таъсири баъзе аз бегонапарстони дохилӣ ва бадхоҳони хориҷӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Рӯз то рӯз вазъият дар кишвар душвор мегардид.
Дар ин марҳилаи ниҳоят ҳассос шахсияте лозим буд, то миллатро аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳ дорад ва Худованд ба миллати азияткашидаи тоҷик чунин шахсиятро дод, яъне дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва аз рӯзҳои аввали ба фаъолияти худ шурӯъ намудан ба масъалаи таъмини сулҳ дар мамлакат диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, иброз доштанд: «Ман фаъолияти худро аз сулҳ оғоз менамоям ва ба миллати азияткашидаи тоҷик сулҳ меорам». Ин суханон дар дили мардуми тоҷик шӯълаи умедро барафрохт.
Ҳамин тавр, марҳила ба марҳила дар натиҷаи гуфтушунид ва тадбирҳои пайваста тарафҳо ба созиш меомаданд ва Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд. 9-уми марти соли 1996 Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расонида шуд ва дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 50 ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсба он ҳамроҳ гардида, якдилона ҷонибдори ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буданд. Ниҳоят, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд. Ҳамин тавр, марҳилаи тӯлонӣ, душвортарин ва хеле муҳими моҷароҳои сиёсии тоҷикон ба анҷом расид.
Имзо гардидани Созишнома аз он гувоҳӣ медиҳад, ки халқи тоҷик метавонад дар ҳассостарин ва мушкилтарин фурсат баҳри якдилӣ, якпорчагӣ ва ободии меҳани худ аз баҳри ҳам чиз бигзарад ва ба Ватан содиқ бошаду онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Метавон гуфт, ки ин созишнома рамзи якдилист ва аз ин якдилӣ Ваҳдат маншаъ мегирад.
Чун имрӯз ҷомеаи инсонӣ бо бархӯрдҳои азим рӯ ба рӯст, моро зарур аст, то ақлу заковат ва хиради худро аз даст надода, баҳри пешрафт, ободӣ ва таъмини якпорчагии Ватани азизи худ камари ҳиммат бандем ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намоем, ки тоҷикон дар саромади кишварҳое қарор дорад, ки бо хиради волои худ ба инсоният адолату озодиро инъом намуданд ва онро имрӯз низ нигоҳ медоранд.
Ваҳдату якдилӣ ва якпорчагии Тоҷикистон ҷовидон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ хуҷаста бод!
Ҳамза МУМИНЗОДА
Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Рӯдакӣ