Ваҳдати миллӣ меваи сулҳ, ҳамдиливу осоиштагӣ, ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлоли кишвар ба шумор меравад.
«Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлоли кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».
Эмомалӣ РАҲМОН
Ваҳдат, Ягонагӣ. Он ба дарахти бузург ва пурқудрат шабоҳат дорад, яъне он дарахт аз баргҳои заррин бо номи сулҳ, амният, якдилӣ, ҳифз, осоиш, субот ва бехатарӣ ороиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ, Ваҳдати миллӣ нафаси озоди инсон, ободии ҳар як хонадон, хандаи беғаши кӯдакон ва бахту пирӯзии мардум ба ҳисоб меравад. Меваи сулҳ аз дӯстӣ, рафоқат, ҳамдиливу осоиштагӣ иборат аст.
Инсоният ҳамеша ҷонибдори сулҳу салоҳ аст. Солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон бесарусомонӣ ва хунрезиҳои даҳшатнокеро аз сар гузаронд. Маҳз ҳамин ҷангу хунрезиҳо боис шуд, ки мардуми тоҷик гуреза шудаву бархеи дигар муҳоҷир гаштанд.
Дар ин лаҳзаҳои сахту сангин ба ин кишвар шахсе лозим буд, ки баҳри пойдории Ватану миллат ва ба вуҷуд овардани ваҳдат тамоми арзишҳои давлатро дар мадди аввал гузошта, ба ин ҳама кашмакашиҳо нуқтаи ниҳоӣ гузорад.
Моҳи ноябри соли 1992 бо иштироки намояндагони мардумӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ин шахсияти ҷасури ватандӯсту меҳанпарвар Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба мардуми Тоҷикистон, 12-уми декабри соли 1992 гуфта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам, барои нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам.»
Оре, ӯ ба қавли худ вафо карду устувор монд. Баъд аз ба сари давлат омадани ин марди хирадманд Тоҷикистон гул— гул шукуфту мардуми он лаззати меваи ваҳдатро чашиданду нафаси тозае ба димоғ фурӯ бурданд. Хурсандиву шодии ин халқи озодзодаро ҳадду канор набуд, хурду бузург ханда бар лабу аз ин неъмати худодод сано мехонданду ба Сарвари кишвар сипоси бепоён.
Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати мо нақши басо муҳиму тақдирсоз дорад. Дар он айёми пурдаҳшати ҷангу хунрезӣ хатари парокандашавии давлат ва пора— пора гардидану аз байн рафтани миллат вуҷуд дошт. Ба бахти мардуми тоҷик сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омада, тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуданд.
Ҳамин тавр санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва кишвар аз вартаи нобудӣ ва парокандашавӣ наҷот ёфт.
Ҷустуҷӯи роҳу усулҳои расидан ба сулҳу амонӣ барои тоҷикон зиёда аз се соли зиёд идома ёфт. Президенти мамлакат ба ҳамватанон муроҷиат намуда, таъкид доштанд, ки: «Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27—уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем».
Дар ин муддат бо ташаббус ва ибтикори хирадмандона, зери кӯшишҳо ва ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти рушди босуръат дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа қадамҳои устувори хешро гузошта, аз рӯйи нишондиҳандаҳо рӯ ба тараққиёт дорад.
Имрӯз боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар кишвари мо сулҳу ваҳдату созандагӣ ҳукмфармост. Шукрона аз он мебояд кард, ки Ҳукумати кишвар барои озодӣ ва зиндагии хурраму обод шароит фароҳам овардааст.
Бигзор, дар ин Ватани ҳамешабаҳору сарсабзи мо офтоби дурахшони сулҳу Ваҳдати миллӣ то абад шӯълапошӣ кунаду аз гармиаш ҳаловату лаззат барему ба худ қувва ва нерӯи тоза бардошт созем.
ҲОТАМ НАЗАР
Раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ