Вохӯрии Судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024

             Имрӯз бо ташаббуси Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Раҷабзода Ҳ.Н. дар Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо сокинон, фаъолон, ходимони масҷидҳо ва раисони маҳаллаҳо вохӯрии судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», зикр гардидаанд, доир ба “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак» баргузор гардид, ки дар он:

Судяи суди ноҳия Зиёзода Ҳ.А. доир ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак», ки 20 июни соли 2024, № 2049 дар таҳрири нав қабул гардидааст, гуфта гузашта, оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, инчунин ҳар як моддаи онро ба ҳозирин фаҳмонидаанд.

           Судяи суди ноҳия Ҷалилзода С.Х. оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 20 июни соли 2024, № 2048 дар таҳрири нав қабул гардидааст, гуфта гузашта, тартиби гузарондани ҷашну маросимҳо, ки ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст, инчунин ҳар як моддаи онро ба ҳозирин тавзеҳ додаанд.

Судяи суди ноҳия Иброҳимзода Б.А. доир ба амалишавии “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ва ҷиҳати паст кардани сатҳи содиршавии ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, шомилшавии ҷавонон ба ин гуруҳо ва инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ баромад намуд.

Дар охир ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас додаанд.