ЗАБОН ГАР НЕСТ, МИЛЛАТ ХОР ГАРДАД
«Забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дӯст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад».
Эмомалӣ Раҳмон
Забон рукни аввалини миллат аст. Баҳои он ҳамеша бурди соҳибзабонон мебошад. «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» гуфтани бузургон ба он маъноест, ки ҳар касе беҳтару хубтар забони модарии худро донад, ҳамон қадар метавонад забонҳои хориҷӣ, забонҳои халқҳои гуногунро осон омӯзад ва ҳар куҷое, ки равад, озодона муошират кунад ва дар баробари ин, забону фарҳанги миллати хешро ба дигарон муаррифӣ намояд.
Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне оинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи афкори инсон забон аст.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам ба ҳисоб рафта, се марҳилаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигар сабт мекунад.
Адибону донишмандони оламшумул ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургонамон асарҳои безавол ва ҷовидонаи худро бо забони ноби тоҷикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар кардаанд.
Бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки ҳама гуна фаъолияти инсон ва ҷамъият тавассути забон сурат мегирад. Ба ибораи дигар, забон воситаи муҳимтарини таҳаввулоти ҷамъият мебошад. Мутафаккири бузург Мирзо Абдуқодири Бедил фармуда, ки аз ибтидо то интиҳо ҳама кори олам дар ҳукми сухан (забон) аст:
Аз азал то абад чӣ нав, чӣ куҳан,
Буд маҳкуми иқтидори сухан.
Ин маъниро ҳам илм ва ҳам таҷрибаи таърихии халқи тоҷик собит менамояд. Имрӯз илми ҷамъиятшиносӣ исбот кардааст, ки яке аз аломатҳои муҳими шинохти миллат мавҷудияти забони адабӣ мебошад. Барои ҳамчун миллат шинохта шудани ҳар халқият чаҳор омили иҷтимоӣ зарур мебошад:
- мавҷудияти сарзамини аҷдодӣ, ки халқ маскун аст;
- истеҳсолоти моддӣ;
- забони адабӣ;
- анъанаҳои миллӣ – суннатҳои хоси маданиву фарҳангӣ.
Ба ибораи дигар гӯем, ҳар халқ, ки даъвои унвони миллатро дорад, бояд Ватани худ, номи худ ва маданияти худро дошта бошад. Агар миллате, ки орӣ аз ин яке аз чор омил бошад, арзи ҳастӣ карданаш номумкин аст.
Забон аломати барҷастаи тафаккури хоса, маданияти миллӣ, фарҳанги пойдор, истиқлоли озоди сухан, хуллас, забони давлатӣ шиносномаи миллат мебошад. Мероси гаронбаҳову нотакрори фарҳанг, таърих, маданият, адабиёт ва санъату дигар нишонаҳои миллат дар забон ифода мегардад.
Таърихи ҷамъият бо забон алоқаи ногусастанӣ дорад. Ҷамъият бе забон ва забон бе ҷамъият вуҷуд дошта наметавонанд. Аз ин рӯ, муайян кардани ҳолати забон дар ҳар давраи таърихӣ дар таҳқиқи таърихи халқ аҳамияти калон дорад. Чунончи, даҳҳо вожаҳои тоҷикӣ, ки имрӯз ба кор мебарем, дар қадимтарин сарчашмаҳои хаттии мардуми эроннажод дучор меоянд.
Истиқлолро сирф мафҳуми иҷтимоию сиёсӣ шуморидан нашояд. Он, қабл аз ҳама, мафҳуми маънавӣ маҳсуб меёбад. Озодии инсон аз дарки комёбии истиқлол сарчашма мегирад, ки ба мафҳуми маънавӣ тааллуқ дорад.
Истиқлол дар забон низ нақши калон ниҳод. Он забони модариро ба шоҳроҳи инкишоф баровард. Имконияте фароҳам овард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ин чунин маъно дошт, ки дар кишварамон тамоми корҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, моддӣ ва маънавию маърифатӣ ба забони тоҷикӣ (давлатӣ) сурат мегирад.
Яке аз назаррастарин комёбиҳои маънавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон маҳсуб меёбад, ки он аз баҳои давлатӣ ба забон, муайян кардани ҷойгоҳи забон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар, қабул ва амалӣ кардани тадбирҳо оид ба таҳким ва рушди забон ба миён меояд, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбиру чораҳо андешида мешаванд.
Ин иддаоро таҷрибаи таърихии Тоҷикистони тозаистиқлол собит кард, зиёда аз он бо бурҳону далелҳои воқеӣ ғанитар намуд. Падидаи Тоҷикистон дар бобати ҷойгоҳи иҷтимоию сиёсии забон дар давлатдорӣ аз он чӣ дар боло тазаккур ёфт, ғанитар аст. Он дар баромадҳои Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёрҷабҳа, яъне дар робита бо таърихи миллат, давлатдорӣ, ташаккули маънавияти ҷомеа, ифтихори миллӣ, масъалаҳои бузургдошт, тозаву беолоиш маҳфуз доштани забони модарӣ маънидод мешавад.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намоянд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобастагӣ дорад.
ҲОТАМ НАЗАР
Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ