ҚАЛЛОБӢ ВА СОХТАКОРӢ БОИСИ МАҲРУМИЯТ АЗ ОЗОДӢ ГАРДИД
Муҳофизати ҳуқуқҳои моликияти шаҳрвандон ва мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла қаллобӣ ва сохтакорӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адолати судӣ мебошад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар амале, ки бо фиребу найранг ва сӯистифодаи боварии шаҳрвандон анҷом дода мешавад, ҷавобгарии сахт пешбинӣ намудааст. Ҳодисае, ки ахиран дар толори Суди ноҳияи Рӯдакӣ баррасӣ гардид, боз як намунаи ошкори чунин ҷиноятҳо мебошад, ки дар он ду нафар бо роҳи сохтакорӣ ва қаллобӣ маблағҳои калони шаҳрвандонро тасарруф намудаанд.
Н. А., соли таваллудаш 1999, таҳсилоташ миёна, расман бекор ва қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Вахш судшуда, дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (мод. 247 қ.4 б. «б»), додани ғайриқонунии қитъаи замин (мод. 3381 қ.2 б. «а») ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ бо мақсади истифодаи шахсӣ ё ба дигарон додан (мод. 340 қ.2 бандҳои «а, б, в») гунаҳкор дониста шуд. Ш. У., соли таваллудаш 2000, бо таҳсилоти олии нопурра ва ихтисоси иқтисодчӣ-барномасоз, дар ҳамдастӣ бо Назаров дар содир намудани ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳо (мод. 340 қ.2 бандҳои «а, б, в») иштирок кардааст.
Суд муайян кард, ки Н. А. бо истифода аз боварии шаҳрвандон ва муаррифии дурӯғини худ ҳамчун корманди Ку митаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ, аз якчанд сокинон барои ҳалли масъалаҳои замин ва ҳуҷҷатгузории манзилҳо маблағ талаб карда, дар маҷмуъ беш аз 300 ҳазор сомонӣ ба таври фиреб ба даст овардааст. Н. А. бо чунин шева аз даҳҳо шаҳрванд маблағ ҷамъ оварда, онро ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст. Ҳамчунин, бо ҳамдастии Ш. У. ҳуҷҷатҳои қалбакии заминиро таҳия ва барои фиреби шаҳрвандон истифода кардаанд.
Гуноҳи Н. А. дар чунин ҳолатҳо ҷинояти қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ, ба миқдори махсусан калон, ҷинояти ғайриқонунии додани қитъаи замин, такроран ва ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз уҳдадорӣ озодкунанда бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, ба ҳамин мақсад тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани бланкаҳои қалбакӣ инчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакиро такроран, бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон, бо истифодаи техникаи компютерӣ ва бо роҳи қаллобӣ аз содир намудани ҳаракатҳои фиребгарона бо мақсади ғайриқонунӣ соҳиб шудани молу мулки ғайр ё ҳуқуқ ба молу мулк, бо сӯиистифодаи боварии ҷабрдида бо ҳамин мақсадҳо иборат мебошад. Фиреб — ин пеш аз ҳама қасдан вайрон нишон додани ҳолати ҳақиқии ашё, қасдан фиреб до дани шахс (ҷабрдида), барқасдона гумроҳ кардани ӯ дар хусуси воқеаҳои муайян, ҳолатҳо, ҳодисаҳо бо мақсади ӯро барои бо иродаи худ, лекин бо маълумотҳои дурӯғ ё қасдан нагуфтани ҳақиқат, бо роҳи қалбакӣ ба қаллоб додани молу мулк талқин кардан мебошад. Сӯиистифодаи боварӣ чун шакли қаллобӣ — ин вақте ки гунаҳгор муносибатҳои муайяни шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ (шартномавӣ)-ро, ки дар боварии тарафайн асос шудаанд, бо шартҳои иҷро кардани уҳдадориҳо, ки баъдан иҷро карда на шудаанд, истифода мебарад. Сӯиистифодаи боварӣ бо фиреб алоқамандии наздик дорад. Гунаҳгор муносибатҳои махсуси боваринокиро байни ӯ ва соҳибмулк ё дигар шахсе, ки молу мулкро қонунӣ ихтиёрдорӣ мекунад, истифода мебарад, то ки фиреб нисбатан бовариноктар бошад, ё ин ки ба фиреб барои он рӯй меоварад, ки боварии ҷабрдидаро ба даст оварад. гуноҳи Ш. У. дар содир намудани ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз уҳдадорӣ озодкунанда бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, ба ҳамин мақсад тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани бланкаҳои қалбакӣ инчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакиро такроран, бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон, бо ис тифодаи техникаи компютерӣ ба ғайр аз пурра иқрор шуданашон инчунин бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷумла: бо ариза ва баёноти ҷабрдидаҳо, протоколи азназаргузаронии автомашина ва ҳуҷҷатҳо, санади дарёфт ва гирифтани далелҳои шайъӣ, протоколҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса бо аксҳо, хулосаҳои ташхисҳои судӣ-криминалистӣ, хулосаи ташхиси техникаи компютерӣ, Санад ва хулосаҳои Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ бо аксҳои кайҳонӣ, маълумотномаҳои КДФ «БММҒ» дар ноҳияи Рӯдакӣ, протоколҳои пурсиши ба сифати гумонбаршуда ва айбдоршаванда, протоколҳои рӯбарӯкунӣ, протоколи пурсиши ҷабрдидаҳо, далелҳои дар қабати маводи парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳшуда, баёноти шоҳидон ва дигар маълумотҳои воқеии дар маҷлиси судӣ бадастомада ва мавриди таҳлил ва санҷиш қароргирифта, тасдиқи бебаҳси худро ёфт.
Бо назардошти таҳлили далелҳои дар рафти муҳокимаи судӣ бадастомада суд ба хулоса омад, ки кирдори судшаванда Н. А. — ро бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б», 3381 қисми 2 банди «а» ва 340 қисми 2 бандҳои «а,б,в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ, ба миқдори махсусан калон, ҷинояти ғайриқонунии додани қитъаи замин, такроран ва ҷинояти сохта кории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз уҳдадорӣ озодкунанда бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, ба ҳамин мақсад тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани бланкаҳои қалбакӣ инчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакиро такроран, бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон ва кирдори судшаванда Ш. У. -ро бо моддаи 340 қисми 2 бандҳои «а,б,в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз уҳдадорӣ озодкунанда бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, ба ҳамин мақсад тай ёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани бланкаҳои қалбакӣ инчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакиро такроран, бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон, бо истифодаи техникаи компютерӣ, банду баст намояд.
Тибқи талаботи банди 3-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2004 таҳти №3 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ» (бо тағйироту иловаҳо бо қарори Пленум таҳти №2 аз 30 июни соли 2011 ва аз 18 ноябри соли 2013, №15 ворид карда шудаанд) тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи қаллобӣ аз содир намудани ҳаракатҳои фиребгарона бо мақсади ғайриқонунӣ соҳиб шудани молу мулки ғайр ё ҳуқуқ ба молу мулк, бо сӯиистифодаи боварии ҷабрдида бо ҳамин мақсадҳо иборат мебошад. Фиреб — ин пеш аз ҳама қасдан вайрон нишон додани ҳолати ҳақиқии ашё, қасдан фиреб до дани шахс (ҷабрдида), барқасдона гумроҳ кардани ӯ дар хусуси воқеаҳои муайян, ҳолатҳо, ҳодисаҳо бо мақсади ӯро барои бо иродаи худ, лекин бо маълумотҳои дурӯғ ё қасдан нагуфтани ҳақиқат, бо роҳи қалбакӣ ба қаллоб додани молу мулк талқин кардан мебошад. Сӯиистифодаи боварӣ чун шакли қаллобӣ — ин вақте ки гунаҳгор муносибатҳои муайяни шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ (шартномавӣ)-ро, ки дар боварии тарафайн асос шудаанд, бо шартҳои иҷро кардани уҳдадориҳо, ки баъдан иҷро карда на шудаанд, истифода мебарад. Сӯиистифодаи боварӣ бо фиреб алоқамандии наздик дорад. Гунаҳгор муносибатҳои махсуси боваринокиро байни ӯ ва соҳибмулк ё дигар шахсе, ки молу мулкро қонунӣ ихтиёрдорӣ мекунад, истифода мебарад, то ки фиреб нисбатан бовариноктар бошад, ё ин ки ба фиреб барои он рӯй меоварад, ки боварии ҷабрдидаро ба даст оварад.
Суд зимни таъини ҷазо, дараҷаи хавфнокии ҷиноят, миқдори зарар, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаро ба назар гирифта, чунин ҳукм баровард:
Н. А. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б», 3381 қисми 2 банди «а» ва 340 қисми 2 бандҳои «а,б,в» гунаҳгор дониста шуда, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ба 12 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 4 сол маҳкум гардид. Н. А. ҷазоро дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр хоҳад кард.
Ш. У. бо моддаи 340 қисми 2 бандҳои «а,б,в» гунаҳгор до ниста шуда, ба ӯ ҷазо дар шакли ҷарима ба маблағи 26 280 сомонӣ муқаррар шуд.
Ҳукми Суди ноҳияи Рӯдакӣ нисбат ба Н. А. ва Ш. У. бори дигар собит сохт, ки амалҳои фиребгарона ва қаллобона беҷазо нахоҳанд монд. Таъини ҷазоҳои сангин, аз ҷумла маҳрумият аз озодӣ ва мусодираи амвол, дар баробари барқарорсозии зарари молиявии расондашуда, ҷиҳати эҳтиром ба қонун ва одилона нигоҳ доштани муносибатҳои ҷамъиятӣ аҳамияти хоса дорад. Қонун барои ҳама баробар аст ва ҳар нафаре, ки кӯшиш мекунад бо роҳи фиреб молу мулки ғайрро тасарруф намояд, ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.
Ҳокимбек ЗИЁЗОДА,
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 